Кабк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кабк
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Alectoris Kaup, 1829
Ареал
тасвир

Кабк (кавк, каклик, яъқуб) (лотинӣ: Alectoris) — паррандаи хушовоз ва шикорбоб. Ҷуссааш миёна, вазни модакабк 350—550 г (болаш 142—162 мм), наркабк 450—750 г (болаш 157—175 мм); думаш 80—90 мм. Рангаш ҷигарии равшан, кабудтоб буда, дар паҳлӯ хатҳои кӯндаланги сиёҳ, сурхчаи тира ва сафед дорад; нӯлаш ва пойҳояш сурх. Кабк асосан дар нишебиҳои санглохи кӯҳсор зиндагӣ мекунад. Баъзан дар буттазори анбӯҳ ва дарахтзор низ вомехӯрад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Чилди 1. — Душанбе,1989. — С. 372