Калила ва Димна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Калила ва Димна
Нигора
Бар пояи Panchatantra[d][1]
Жанр адабиёти бадеӣ, tale[d] ва ҳикоят[d]
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Kallila iyo dimna[d], Kalīlah wa-Dimnah (al-Maṭābiʻ al-Amīrīyah, 1355h)[d] ва Kalīla wa Dimna, translated by Ibn al-MuqaffaʿʿAbd Allâh (0720?-0756?)[d]
Нависанда Ибни Муқаффаъ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ[2]
Таърихи интишор тақрибан 750[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Дидори Калила ва Димна.

«Калила ва Димна» (форсӣ: کلیله و دمنه‎) — ёдгории адабии халқҳои эронинажод, ки ба забонҳои арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ эҷод шудааст.

Муҳтаво[вироиш | вироиши манбаъ]

«Калила ва Димна» маҷмӯаи қиссаву ҳикоёти тамсилии пандомезест аз забони паррандагон ва ҳайвонот, ки масъалаҳои муҳимми ахлоқию иҷтимоиро дар либоси рамзу киноя фаро мегирад.

«Калила ва Димна» дар адабиёти форс-тоҷик[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъсири ғояҳои умумиинсонии «Калила ва Димна»-ро дар эҷодиёти бузургтарин намояндагони адабиёти форс-тоҷик — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҷомӣ ва дигарон мушоҳида кардан мумкин аст. Вай чандин маротиба ба форсӣ ва дарии тоҷикӣ тарҷума ва танзим шудааст. Ба забони дарӣ аввал «Калила ва Димна» дар замони Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (ҳукмр. 914—943) аз нусхаҳои арабии Ибни Муқаффаъ тарҷума гардид ва бо хоҳиши вазир Абулфазли Балъамӣ аз тарафи Рӯдакӣ дар баҳри Рамали мусаддаси мақсур ба назм дароварда шуд.

Саҳифае аз нусхаи Калила ва Димна ба таърихи 1210 милодӣ.
Саҳифае аз нусхаи Калила ва Димна ба таърихи 1429. Ҳирот.

Порчаҳо аз «Калила ва Димна»[вироиш | вироиши манбаъ]

«

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
»

[4]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ЭАСТ (дар се ҷилд), Ҷ. 1. АБАЙ-КАЛИМ — Душанбе: СИ ЭСТ, 1988, — 544 с.