Калтакалос

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
?Калтакалос
Conservation status: Vulnerable
Varanus komodoensis1.jpg
Классификатсияи илмӣ
Шоҳигарӣ: Animalia
Phylum: Chordata
Синф: Reptilia
Тартиб: Squamata
Suborder: Sauria
Оила: Varanidae
Genus: Varanus
Species: V. komodoensis
Binomial name
Varanus komodoensis
Ouwens, 1912

Калтакалос (лотинӣ: Varanus komodoensis), келас, калпеса, карбоса, як навъ чонвари хазанда. Бино ба таснифоти зоологи Калтакалосҳо (Sauria) яке аз зеркаторхои синфи хазандагон мебошанд (боҳтур, сусмор ва буқаламунро низ дар бар мегиранд); дарозии танаашон аз 3,5 см то 3 м (аждари Комодо). Танаи Калтакалосҳо паҳни дарозруя ва пӯсташон шахшули дағар-буғур аст. Баъзе намудхои Калтакалосхо пойҳои бақуввати панҷадор дошта, баъзеи дигарашон умуман бепой ва ба мор монанданд. Пардаи чашми аксар Калтакалосҳо мутаҳаррик аст. Дандонҳои Kалтакалосҳо ду хеланд: плевродонтй (дандонҳое, ки ба ком часпядаанд) ва акродонтй (дандонҳое, ки дар во¬ра чрй гирифтаавд). Дандони Калтакалосҳои заҳрдор новакҳои махсус дорад, ки ҳангоми газидан аз он заҳр ҷорӣ мешавад. Забони Калтакалосҳо низ гуногун аст. Забони баъзеи онҳо паҳну ғафс (мае, забони офтобгардакҳо ва гекконҳо), баъзеи дигарашон дарози душоха (масалан, забони сусморҳо) ё ниҳоят борик (масалан, забони буқаламунҳо) мебошад. Ранги Калтакалосҳо гуногун буда, одатан, вобаста ба муҳит тағйир меёбад (хусусан ранги Калтакалоси бешаҳои тропикӣ).

Калтакалос

Ба аксар Калтакалосҳо диморфизми ҷинсй хос аст. Бисьёр Калтакалосҳо ҳангоми онҳоро таъқиб кардани душман думи худро мепартоянд. Думи партофтаи Калтакалос баъзан то чанд соат меҷунбад ва бо хамин дикқати душманро ба худ ҷалб мекунад. Калтакалосҳо аз эзозухий — хазандахои мурда-рафтае, ки боқимондаи онхо аз таҳшинҳои перми боло ва триаси Амрикои Ҷанубӣ ёфт шудаанд, ба ву-ҷуд омадаанд. Калтаклосҳои ҳозира аз охири давраи юра маълуманд. Калтакалосҳо дар замин, дарахт, шахсорон, зери хок ва дигар ҷойхо зиндагй мекунанд. Узвҳои сомеаи Калтаклос нағз ва узвхои шоммаашон нисбатан суст инкишоф ёфтаанд. Ҳарорати баданн Калтаклосхо ба харорати муҳит баробар мешавад, бинобар ин онҳо зймистон ба хоб мераванд. Ғизой аксар Калтакалосҳо ҳашарот, тортанак, кирм ва нармбаданҳо мебошандд. Калтакалосхои калон муш, калламуш, парранда, қурбоққа, мор ва лоша мехӯранд. Дар байни баъзе намудхои Калтакалос ҳодисаи канибализм вуҷуд дорад, яъне Калтакалосҳо калон Калтакалосчаҳои хурдро мехӯранд.

кашоф меебад. Калтакалосҳо аз паи парвариши насли худ намешаванд ва бинобар ин бачаи онхо баъди аз тухм баромадан мустақилана зиндагй мекунад. Дар Тоҷикистон 29 намуди Калтакалос дучор меояд (асосан дар ҳамвориҳо сукунат доранд). Калтакалос миқдори зиёди ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқро нобуд карда, фоида меоранд. Дар бадани Калтакалос баъзе ҳашароти хунмак ва канаҳо зиндагй мекунанд ва бинобар ин онҳо боиси паҳн шудани беморихои сироятӣ гардида метавонанд.

Адабиёт[вироиш]

  • Жизнь животных,т. 4, ч. 2, М., 1969; Банников А. Г. Земноводные и пресмыкающиеся СССР, М., 1971; СаидАлибов С. А., Земноводные и пресмыкающиеся Таджикистана, Душанбе, .1974.