Камерон Диаз

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Cameron Diaz
Кэмерон Диаз
CameronDiaz(cannesRedCarpet)-.jpg
Зодрӯз 30 август, 1972
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}

Кэмерон Диаз (англисӣ: Cameron Michelle Diaz) 30 августи соли 1972 дар шаҳри Сан Диего, иёлати Калифорнияи ИМА ба дунё омадааст ва дар ин ҷо даврони кӯдакии ӯ гузаштааст. Волидайни ӯ намояндагони миллатҳои гуногун буданд: падараш-мексикоие, ки волидайнаш ба ИМА муҳоҷират кардаанд, модараш – низ олмоние, ки ба Амрико кӯчида омада буд.

Дар даврони кӯдакӣ Кэмерон ва хоҳари калонии ӯ духтарони авбошнамо буданд: онҳо мусиқии ғайримаъмул гӯш мекарданд, бо бачагони маҳаллӣ бозӣ мекарданд, дашном медоданд ва бо ҳар кас тайёр буданд мушт ба гиребон шаванд. Модараш иштиёқи духтарашро ба мусиқӣ мефаҳмид ва бо ҳамроҳии ӯ ба консертҳои Ван Ҳален, Металлика ва Оззи Озборн мерафт. Дар он айём Кэмерон орзуи ҳунарпеша ё модел шудан надошт – он вақт ӯ мехост ҳайвоншинос шавад. Дархонаи онҳо ҳайвоноти бисёре буданд: гурбаҳо, сагҳо, парандагон ва ҳатто мушҳову ду мор. Вале амри тақдир дигар буд: замоне, ки Диаз 16 сола буд, дар яке аз шабнишиниҳо ӯ бо суратгир Ҷеф Дюнасс шинос шуд, ки ӯ Кэмеронро ба кор ба оҷонсии моделии "Элит" /Elite Model Management/ даъват кард.

Баъд аз бастани шартнома, Кэмерон дар рекламаҳо иштирок мекард, симои зебои ӯ муқоваи нашрияҳои гуногунро оро медод, дар як рӯз ӯ то 2 ҳазор доллар кор мекард. Баъд аз хатми мактаб, Диаз ба Ҷопон барои кор рафт ва дар он ҷо видеопродюсер Карлос де ла Торреро вохӯрд. Онҳо дар давоми панҷ сол ҳамроҳ буданд. Дар муддати чанд соли минбаъда, Кэмерон дар чандин гӯшаву канори олам дар соҳаи реклама бо ширкатҳои калон кор кард.

Ба синамо рӯй овардани Диаз тамоман ногаҳонӣ буд. Боре Кэмерон тасодуфан сенарияи филми "Ниқоб" /The Mask, 1994/, ки дар рӯи мизи менеҷераш хобида буд, мебинад. Ҳарчанд ки ӯ ягон маҳорати ҳунарпешагӣ надошт, вай қарор дод, ки бикӯшад, то ин нақшро ба даст оварад. Баъд аз 12 санҷиш, Кэмеронро пазируфтанд. Ин филм, ки дар он нақши асосиро Ҷим Керрӣ бозӣ мекард, хеле машҳур гардид ва Кэмеронро чун ситораи наве дар осмони синамо шинохтанд ва ба ӯ ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи ҷавони солро доданд. Баъд аз ин Диаз ба омӯзиш машғул шуд, то чун ҳунарманди касбӣ шинохта шавад. Се соли дигар ӯ дар филмҳои камхарҷ, аз қабили The Last Supper, Feeling Minnesota ва She's The One нақшҳо офарид. Дар вақти ба наворгирии филми Feeling Minnesota, 1996 Кэмерон бо ҳунарпеша Мэт Дилан шинос шуд ва онҳо муддате ишқварзӣ ҳам карданд.

Шӯҳрати ҳунарпеша пас аз баромадани филми "Тӯйи арӯсии дӯсти беҳтарини ман" /My Best Friend's Wedding, 1997/ афзуд, ки дар ин ҷо ӯ бо ҳамроҳии ситорае ба мисли Ҷулия Робертс нақш офарида буд. Вале дар филм Диаз ҳанӯз дар нақши "дуюмдараҷа" буд. Вазъият баъд аз баромадани филми "Чизе дар бораи Мэри" /There's something about Mary, 1998/ ба пуррагӣ диагр шуд. Ин филми мазҳакавӣ маъмултарин мазҳакаи сол ва қариб беҳтарин филми дӯстдоштаи амрикоиён дар он замон гардид. Сафи мухлисони Кэмерон, ки дар он нақши асосиро бозӣ карда буд, садҳо маротиба афзуд.

Ҳарчанд ки Диаз ҳунарпешаи машҳур аст, ӯ худнамоӣ намекунад - ӯ дар хонаи оддӣ зиндагӣ мекунад, либосҳои ба худаш маъқулро мепӯшад ва барои харид ба мағозаи наздиктарин меравад.

Аз нақшҳои охирини Кэмерон филмҳои "Фариштаҳои Чарлӣ" ва филми машҳури "Осмони ванилӣ", ки барои иштирок дар он Диаз ҷоизаи "Глобуси тиллоӣ"-ро чун беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа гирифт, бояд қайд намуд. Ғайр аз ин, соли 2001 ҳунарпеша дар филми тасвирии машҳуртарини он сол - "Шрек" иштирок кард, ки дар он ӯ овози шоҳдухтар шуда буд. Баъд аз он қисми дуюми "Шрек" баромад. Барои иштирокаш дар ду қисми "Шрек" Кэмерон 10 миллион доллари ИМА кор кард.

Корҳои ояндаи Диаз нақше дар филми Нэнсӣ Мейер “Ид” дар соли 2006 ва "Шрек - 3", дар соли 2007 мебошанд.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]