Камолуддини Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуддини Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: 1172[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1237[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Камолиддини Исфахони (1172[1], Исфаҳон1237[2], Исфаҳон[3]) — шоири қасидасарои форсу тоҷик, фарзанди Ҷамолуддин Исмоили Исфаҳонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавлуди шоир дар Исфаҳон соли 1170 сурат гирифтааст ва вафоташ ба 21. 12. 1237 рост меояд. У дар оилаи шоир Ҷамолуддини Исфаҳони ба дуне омада, аз айёми тифли ба таҳсили улум шугл варзидааст. Камолуддин Исмоли Исфаҳони таълими ибтидоиро аз падараш гирифта, бо роҳбарии ӯ илмҳои замонаашро аз худ кардааст. Вай низ мисли падар ба рамад (дарди чашм) гирифтор шуда, хеле азоб кашидааст, ки ин нуқта дар ашъораш акс ёфтааст. Дар охирҳои умр гушанишини ихтиёр кард ва ниҳоят бо дасти аскарони муғул кушта шуд. Девони ашъораш то ба имрӯз боки мондааст, ки зиёда аз 10 ҳазор байтро дар бар мегирад. Дар девони шоир қасида, ғазал, қитъа, таркиббанд ва рубоӣ гирдовари шудааст. Камолиддин Исфахони дар таърихи адабиёти форс-тоҷик асосан чун устоди қасида машҳур аст. Қасидаҳои ӯ бо образҳои тоза ва маъниҳои дақиқ бартари доранд, ки аз ин сабаб ҳамзамононаш ба вай лақаби «халлоқулмаонӣ»-ро додаанд. Камолуддин Исмоли Исфаҳони дар қасидаҳо ва махсусан дар қитъаҳояш вазъияти ноороми давр, парешонҳолии аҳли замонро ҳақиқатчуёна тасвир намудааст. Мавзуи ситоиши ишқи поку муҳаббати самимии байни инсонҳо, ки дар ашъори тамоми шоирони суханвар макоми аввалро ишгол мекунад, дар сурудаҳои Камолиддин низ аз муҳимтарин мавзӯъ меҳсуб мегардад. Муҳаббат ба зиндагӣ, ёди рӯзгорони пурнишот ва айёми ишқу ошиқӣ, васфи ҷамолу камоли маъшуқа, фиғон аз номехрубониву ситами ёр дар ашъори лирикии шоир ба таври хоса таҷассум ёфтааст.

Аз қасоид[вироиш | вироиши манбаъ]

Нури ду дидагон зи ликои ту доштам,
Як сина пур зи мехру вафои ту доштам.
Ман ҷону зиндагии худ, эй ҷону зиндаги,
Гар дӯст доштам, зи барои ту доштам.
Хакко, ки гарчи халқи ҷаҳон айб мекунанд,
Мехроби руи худ кафи пои ту доштам.
То рӯз хар шабе ба дуо истода ман,
Ду даст бар Худо зи дуои ту доштам.
Хар ранчу хар бало, ки зи айём доштам,
Аз баҳри дафъу ранчи балои ту доштам.
Гар чи зи рӯзгор вафо кас надида буд,
Аз рӯзгор чашми вафои ту доштам.
Бар банд шуд дилам, ки калиди муродхо
Рухсори хуби табъкушои ту доштам,
Чои ту бе ту гардиши гардун ба ман намуд,
Алҳақ на ин умед ба чои ту доштам.
Бо ин дили шикаставу ин ҷони ноумед
Кай токати фироки ликои ту доштам.
Маъзур дор, дасти шариат раҳо накард,
Гар ман на мотами ту, сазои ту доштам.
Дардову ҳасрато, ки ҳама бод пок бурд,
Уммедҳо, ки ман ба бақои ту доштам.
Бингар, чӣ сахтҷонаму чӣ сангдил, ки ман
Дам мезанам ҳанӯзу азои ту доштам.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Надонам ғунчаро булбул чӣ гуфтаст,
Ки бас хуниндилу чеҳрануҳуфтаст.
Магар розе, ки ӯро бо сабо буд,
Якояк фош дар руяш нагуфтаст.
Ту гӯӣ оташ афтодаст дар хор,
Зи бас гулҳо, ки дар гулбун шукуфтаст.
Ба чуз дар халқаи лола наёби,
Гухархое, ки чашми абр суфтаст.
Сабо кард ошкоро бар сари чуб,
Хар он хурда, ки гул дар дил нухуфтаст.
Агарчи фитнаи бог аст наргис,
Бад-он шодам, ки охир фитна хуфтаст.
Шох сарсабзу чаман дилшод аст,
Олам аз адли баҳор озод аст.
Гунча то руй ба сахро овард,
Гирахе аз сари дил бикшодаст.
Сарв дар хидмати гул бар пояст,
Бед дар пойи чанор афтодаст.
Бандаи савсани мушкиннафасам,
К-уст, к-аз банди ҷаҳон озод аст.
Дил шикастасту бунафша чӣ кунад
Сар ба бедоди замон бинходаст.
Сарвро хар чи зи асбоб хуш аст,
Сарбасар даст фароҳам додаст.
Бар ҷаҳон дасти тихи афшонам,
Бори кас менакашад уро даст.
Бингар он гунчаи сохибдилро,
Ки ба дилтангии худ чун шод аст.
З-он ки донад, ки баду неки ҷаҳон,
Ҳамчунин хирмани гул бар бод аст!

Аз рубоиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эй дил, ба хаёли ёр хурсанди кун,
В-эй дида, ту бо сиришк пайванди кун.
Эй акли фузули, ту хирадманди кун,
Захмат зи сарат бубар, худованди кун.
Наргис, ки дар интизори гул буд чу ман,
Якчанд нихода чашм бар тарфи чаман.
Бо сурхгулаш ба хам чу дидам, гуфтам,
Эй наргиси пурхумор, чашмат равшан!
Бо сарвкаде тозатар аз хирмани гул,
Аз даст мадех чоми маю домани гул.
З-он пеш, ки ногах шавад аз боди ачал
Пироҳани умри мо чу пироҳани гул.
Вақт аст, ки боз булбул ошуб кунад,
Фарроши чаман зи бод чоруб кунад.
Гул пирахани даридаи хунолуд
Аз дасти рухи ту бар сари чуб кунад.
Гул хост, ки чун рухаш наку бошаду нест,
Чун дилбари ман ба рангу бу бошаду нест.
Сад руй фароҳам оварад хар соле,
Бошад, ки яке чу руи ӯ бошаду нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]