Кантатаи Қаҳвагӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Кантатаи Қаҳвагӣ (BWV 211) — ин асари мусиқавии Иоганн Себастян Бах мебошад, ки ӯ ин асарро дар мобайни солҳои 1732 ва 1734 навишта буд. Аз рӯи мисраи аввалаи либретто — (олмонӣ «Schweigt stille, plaudert nicht») «Хомӯш бошед, гап назанед» машҳур аст. Ин асарро Бах бахшида ба қаҳвахонаи Тсиммерман дар Лейптсиг навишт. Дар ин хона Бах соли 1729 кор кард ва бо хоҳиши соҳиби қаҳвахона мусиқӣ менавохт. Кантата авалин бор дар соли 1734 ба нашр бароварда шуд.