Карина Капур

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
करीना कपूर
کرینا کاپور

Карина Капур
Kapoor at Gitanjali launch2.jpg
Зодрӯз 21 сентябри 1980
Мумбай
Пеша ҳунарпеша

Карина Капур (ҳиндӣ: करीना कपूर, урду: کرینا کاپور) — ҳунарпешаи синамои Ҳинд ва яке аз овозадортарин ҳунармандони Болливуд дар айни замон мебошад.

Мундариҷа

[вироиш] Зиндагинома

Карина Капур 21 сентябри соли 1980 дар шаҳри Мумбай дар хонаводаи Капур, яки аз номдортарин хонаводаҳои Ҳиндустон, ба дунё омадааст. Вай абераи ҳунарпешаи шинохта Притвираҷ Капур, набераи ҳунарпеша ва продюсер Раҷ Капур ва духтари Рандҳир Капуру ҳунарпеша Баббита аст. Хоҳари Карина Каришма Капур низ аз ҳунарпешагони синамо аст.

[вироиш] Ҳунарнамоӣ дар синамо

Карина нахустин нақшашро дар филми «Фирорӣ»(соли 2000) иҷро кардааст. Ҳунарнамоӣ дар ин филм ӯро барандаи чанд ҷоизаи синамои Ҳиндустон кард ки аз ҷумла ҷоизаи Болливуд, ҷоизаи Film Fare Sensation Debut ва ҷоизаи Sansui аст. Филми «Фирорӣ» барои дигар ситораи навини синамои Ҳинд — Абҳишек Баччан низ нахустин филм буд.

Дувумин филми Карина барояш чандон шуҳратовар набуд, вале дар ин ҷо низ Карина Капур таваҷҷӯҳи ро ба худ ҷалб намуд. Офаридани нақши Пуҷа дар филми «Дар шодиву ғам» ӯро маҳбуби ҳамагон гардонид (коргардон Яш Чопра, дар нақшҳои асосӣ дар баробари Карина Капур, Ранӣ Мукҳерҷӣ ва Ҳритик Рошан). Баъд аз ин филм ӯ ситораи ҳақиқии синамои Ҳинд гардид.

Карина мехост, ки аз нақшофарии аввалинаш cap карда, ӯро ҳамчун ҳунарпешаи асил бишиносанд ва ӯ ба ин ноил ҳам гардид.

[вироиш] Филмшиносӣ

  1. Ривояти ишқ, 2050
  2. Ҷаноби Меҳта ва хонуми Сингҳ
  3. Дӯстӣ (2005)
  4. Бевафо (2004)
  5. Эътироз (2004)
  6. Фидо (2004)
  7. Дев (2004)
  8. Хушӣ (2003)
  9. Талош (2003)
  10. Дар шодиву ғaм (2001)
  11. Аҷнабӣ(2001)
  12. Фирорӣ (2000)

[вироиш] Ин ҷоро ҳам бингаред

[вироиш] Пайвандҳои беруна

Карина Капур дар базаи маълумоти Интернет

Абзорҳои шахсӣ
Фазоҳои ном

кирилликӣ

Вариантҳо
Амалкардҳо
Гаштан
Ҷаъбаи абзор
бо забонҳои дигар