Кафтор

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
?Кафтор
Conservation status: Near threatened (LR/nt)
Striped Hyena.jpg
Классификатсияи илмӣ
Шоҳигарӣ: Animalia
Phylum: Chordata
Синф: Mammalia
Тартиб: Carnivora
Оила: Hyaenidae
Genus: Hyaena
Species: H. hyaena
Binomial name
Hyaena hyaena
(Linnaeus, 1758)

Кафтор (Hyaena hyaena), парвона, сиёхгуш, сияхгуш, мурдахур, гуршикоф, гургмонак, дулта, забуъ, ҳайвонест дарранда. Тана ва думи кутох, гардани гафс, сари калон, гуши дароз (то 13 см), пойҳои нисбатан борику заиф ( пойҳои пеш назар ба пойҳои кафо дарозтар), пашми дурушти хокистарранг ё сиёхтоби рах - рах ё хол – хол дорад. ҳайвони шабгард аст. Асосан лошаҳои калон, баъзан сангпуштҳои дашти, малах, меваи санчид, кавар ва баргу пояи хушаихоро мехурад. Кафтор дар 3-4 солаги болиг мешавад. Даври хамлаш беш аз 3 мох. Кафтор-и модина 2-5 бачаи нобино мезояд. Кафтор дар Тоҷикистон камшумор аст ва дар кисми чануби шарки он сукунат дорад. Дар шимоли республика ахён-ахён ( дар куххое, ки дар шимоли обанбори Кайроккум вокеанд) вомехурад. Чои сукунаташ биёбонҳои хоки ва доманакухҳои санглох, баъзан тукайзорхо мебошад.