Кер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ин мақола барои калимаи «кер». Дар дигар ҳолатҳо ниг. Узви таносули мардона.

Кер (форсӣ: کیر‎) — андоми таносулии нар бавежа инсон, ки идрор ва манӣ аз тариқи сӯрохӣ дар сари он дафъ мешавад[1], дар забони кӯча ё забони ғайрирасмӣ бештар истифода мешавад. Дар бархе фарҳангҳои луғат, ин калима бо васфи «мустаҳҷан» ё «зананда» ё «зишт ва мухолифи адаби умумӣ» тавсиф шудааст[2].

  • Кер ҳамзамон ба вожаҳои дашном, ҳақорат, суханҳои қабеҳ дохил мешавад, ки ҳангоми қаҳру ғазаб тоҷикзабонон ҳамчун дашном ва ибораи таҳқиромез истифода мекунанд.
  • шармгоҳ — узви таносули мард;
  • чук — узви таносули писарона, ки ҳануз хурд аст;
  • олат — узви таносули мард;
  • нара ё нарра — узви таносули ҷинси наринаи инсон ё ҳайвон;
  • қазиб — узви таносули мард;
  • закар — узви таносули мард;
  • таносул — овардани насл, олати ниҳоии мардона.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги форсии Муъин. کیر(форсӣ). Вожаёб. vajehyab.com.
  2. Фарҳанги муосири форсӣ, Садриафшор ва дигарон, якҷилдӣ, Теҳрон: Фарҳанги муосир, с. 1050