Jump to content

Ковишгари хуршедии Поркер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рендери расмии Parker Solar Probe

Ковишгари хуршедии Поркер (Parker Solar Probe, ки пештар Solar Probe, Solar Probe Plus, ё Solar Probe+) — дастгоҳи кайҳонии худкори NASA, барномарезишуда барои баррасии тоҷи Офтоб. Ин ковишгар ба фосилаи 8,86 шуоъи хуршедӣ (ҳудуди 6,2 миллион километр) сатҳи хуршед фиристода хоҳад шуд.

Ковишгар ба шарафи астрофизики амрикоӣ Юҷин Поркер[1], ки дар соли 1958 мавҷудияти шамоли хуршедиро пешгӯи карда буд, номгузорӣ шудааст.

Ковишгари хуршедии НАСА

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико — NASA рӯзи 12 август эълон кард, кард, ки киштии илмии «Parker» ба офтоб фиристода шуд. Ин дастгоҳро ба воситаи мушаки Delta IV Heavy аз фурудгоҳи Канаверали аёлати Флорида ба кайҳон партоб карданд[2].

Delta IV Heavy дар миёни мушакҳои Delta IV аз ҳама тавонмандтарин ва дар ҷаҳон баъд аз Falcon 9 Heavy дувумин аст. Кишти илмии мазкур аз нигоҳи ҳаҷм ба мошин монандӣ дошта, 650 кило вазн дорад.

Суръати дастгоҳ ҳангоми иҷрои маъмурияти офтобияш ба 700 ҳазор километр дар як соат расида, босуръаттарин дастгоҳи кайҳонӣ дар таърих хоҳад буд.

Барои эъзоми ин маъмурият даҳ сол омодагӣ диданд ва қарор буд, он 11 август фиристода шавад, вале ба далели баъзе аз камбудҳо як шабонарӯз ба таъхир афтод.

Пажуҳиши нӯрпошӣ ва шамоли офтобӣ аз моҳи декабри соли 2018 оғоз хоҳад шуд[2].

Графикаи суръат ва масофа аз офтобии тозакунӣ аз фурӯш ба 2026. Нишондиҳанда: -: Перигелий; -: Забон

Шаблон:Rocket-stub