Конфусиус

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Конфусий

Конфусиус ё Конфусий - мутаффакир ва файласуфи чиноӣ мебошад, ки кору эҷодиёташ ба фикрронӣ ва ҳаёти чиноиён, куриёгиён, ҷопониён ва ветнамиён таъсири чуқур расонидааст.

Таълимоти Конфусий дар тули зиёда аз ду ҳазор сол дар ин сарзамин арзи ҳастӣ намуд. Дар зери таъсири он чиниҳо ба муваффакиятҳои зиёди таълимӣ ва тарбиявӣ муваффақ гардидаанд. Ӯ таълимоти макотиби дигарро дар хусуси он, ки инсонро табиатан ҷоҳил ё оқил мешумориданд, инкор кардааст.Тибқи ин таълимот табиати инсон оби пуртурёнро мемонад, ки фаркияти Ғарбу Шарқро намедонад ва ба кадом самте, ки роҳкушоӣ, ҷорӣ шудан мегирад. Ба ақидаи онҳо, одам дар тӯли тамоми ҳаёташ мӯҳтоҷи тарбияи дурусти экологӣ - тоза нигоҳ доштани обу замин, ҳаво хӯрокворӣ ва ғайра аст.

Табиати одам бо баду нек чудо намешавад. Дар ҷавоби ин Ман Сзы менависад, ки об кадом самте ҷорӣ нашавад, ҳатман сӯй пастиро интихоб мекунад ва табиати инсонӣ ҳам чунин аст. Яъне танҳо ба некӣ ва тарбияи дурусти ахлокию экологӣ вобастагӣ дорад. Аз ҳамин рӯ, Конфусий ва пайравони ӯ таъкид мекарданд, ки инсон аз рӯзи ба дунё омаданаш то ба охири умраш бояд омӯзад. Азбаски умри одамӣ кӯтоҳ аст, ашёҳои омӯхташаванда зиёданд ва ҳамаи онҳоро фаҳмида наметавонад, ба ӯ усули омӯзишро амиқ намудан лозим аст.

Конфусий маънӣ ва шодмонии ҳаётро дар маърифат ва поку тоза нигоҳ доштан, яъне дар таълим ва тарбия гирифтан медид. "Дар чаҳди беандоза баҳри такомули хеш "Ислоҳи худ" медид ва андешаи ӯ ба сифати намунаи беинтиҳои даврони омӯзишу тарбия, бозгӯи куллӣ иқтидори инсонии мардони шарафманди айёми пешин хидмат кардаанд. Конфусий чунин арзи ақида намудааст, ки модда абадӣ аст, яъне худованди коинот, бузургтарин фармонравои олам аст, заминро аз модда халқ карда ва осмон ягона асари қобили раъияти ӯст ва ситорагон дар мадоре, ки барои онҳо таъин гардида, сайр мекунанд.

Инсон ба муносибат доштани қувваи қазоват бар соири мавҷудот афзалият дорад ва гули cap сабади онҳост ва хилқатан абадӣ ва ҷовидонӣ аст ва қувваи қазоваташ доимо ӯро ба тарафи камол роҳбарӣ мекунад. Ба ақидаи файласуфи эронӣ Муҳаммад Рашшод, "Инсон олитарин фазилати олами ҳаётӣ мебошад.

Конфусий дар таълимоти худ нишон додааст, ки замину осмон, ки офаридаи худи Илоҳӣ ҳастанд, дар фармони ӯ мебошанд ва инсон, ки дар рӯи замин умр ба cap мебарад, ба воситаи ақл заковаташ ва аз бар намудани илми ҷаҳонӣ ҳама гуна ҳодисоту воқеиётро, ки ба вукӯъ меоянд, фаҳмида мегирад ва дар тӯли ҳаёти худ ба ҳамаи онҳо рӯ ба рӯ мегардад ва худро рохдои аз онҳо ҳимоят карданро бояд донад. Осмону замин аз ҳам чудоянд, вале ҳар ду ҳам як амалро ба субут мерасонанд. Конфисиус дар таълимоти худ чунин мегуяд, ки бикушед, ки ақаллан каме ҳам бошад, хушмуомилатар бошед ва пасон возеҳи дарк хоҳем намуд, ки аз ӯҳдаи иҷрои амали носавобе намебароед.

"Ҳамчунон саргарми омӯзиш бошед, гӯё ҳамешагӣ аз номукаммалии донишатон бохабаред ва бад ин минвол аз гум кардани сатҳи маърифатиатон доиман дар ташвиш хоҳед буд". Оне, ки аҳди хонаводаашро ба накӯй талқин карда наметавонад, бе гумон, худи ӯ низ омӯхта наметавонад. Инсони шарафманд бо хушнудӣ амри осмониро мунтазир мешавад, инсони паст баҳри коме гаштан беҳуда чашминтизорӣ мекашад. Барои ҳамин, ҳар як шахс бояд ба он кӯшад, ки худро барои омӯзиши дурусти муҳити зист ва муҳофизати он аз нопокиҳо дур сохта, барои оянда заминаи мусоид пайдо кунад. Чунки покии табиат ба инсон алоқаи зич дорад. Инсон, табиат ва худро тафҳим намуда фикр ва мафкураи худро инкишоф медиҳад, барои ӯ ҳама мавҷудот об, оташ, хок, наботот, ҳайвонот, офтобу моҳтоб, ситораҳо манбаи маълумотҳои аниқу илмӣ дар бораи олами атроф мебошад.

Ҳанӯз то давраи солшумории мо дар Чин императорҳо чандин мамнӯъгоҳҳо сохта буданд, ки набототу ҳайвонот нигаҳбони ва зиёд карда мешуданд. "Муҳофизати табиат, тоза нигоҳ доштани обу замин ва ғамхорӣ дар хоки олами набототу ҳайвонот вазифаи инсонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад." Аз ин рӯ ҳангоми шиносоӣ бо табиат калонсолҳо иҷрои вазифаҳои тарбияи эстетикиро ба иҷрои вазифаҳои тарбияи экологӣ, муҳофизати табиат барои наслҳои оянда алоқаманд менамуданд. Дар ҳар сурат имрӯз ҳам баъди гузаштани ҳазорсолаҳои зиёд афкори педагогии Чиниҳо оид ба тарбияи экологӣ аз аҳамият холӣ нест.

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Муҳҳамад Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих-(Душанбе Ирфон, 1990] с-56.
  • Курбонов А. Аз дин то фалсафа. Душанбе. 1994. с.-ЗЗ. "'
  • Ҳикматҳои кузрюдиёри Чин: Тарҷумаи Шодӣ Шокирзодаи Нӯъмонпур: Душанбе. 1995. С.-75.
  • Маркс К., Энгельс Ф. Асарҳо н- 23. с-189
  • Маркс К., Энгельс Ф. Асарҳо, ч,. 20. с-495