Курсант

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Размомӯз
Размомӯзи Нерӯи заминӣ Размомӯзи Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌آموز
Кишвар  Tajikistan
Ҳамто

Курсант ё Размомӯз (форсӣ: رزم‌آموز‎) — шахсе, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи олии таълимии ҳарбӣ (ва ё махсус) қабул шуда, барои ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил мекунад[1].

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Размомӯз» аз ду бахш сохта шудааст: разм + омӯз. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «омӯхтан» (омӯз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

Разм < (форсӣ: رزم‎ «ҷанг, набард» < порсии миёна: razm < порсии бостон: *razman- «рада, ороиш» < эронии бостон: √raz- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан» > авестоӣ: rasman-) + омӯз > омӯхтан – донишҷӯи донишгоҳи низомӣ ё афсарӣ; сарбоз ё афсаре, ки давраҳои омӯзиши низомиро мегузаронад.

«Размомӯз» барои ҷойгузин кардани симати низомии «курсант» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[2].

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» Боби якум. Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
  2. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]