Кӯҳи ғурур
Кӯҳи ғурур - китобест[1], ки бахшида ба 100-солагии Иди матбуоти тоҷик шогирдони рӯзноманигори ҷасуру ҳақталош, марҳум Ҷумъаи Толиб дар ҳаҷми 248 саҳифа тартиб дода, дар матбааи «Шаҳпар» бо теъдоди 500 нусха ба табъ расониданд, ки оид ба фаъолияту эҷоди ин рӯзноманигори хушсалиқа нақл мекунад.
Ба гуфтаи муҳаррири «Кӯҳи ғурур» Фазлиддин Асозода — собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон», нақшаи чопи чунин як маҷмӯа аллакай баъди баргаштан аз ҷанозаи шодравон Ҷумъаи Толиб дар майнаҳо чарх мезад.
- Он рӯз барои мо шогирдон рӯзи мудҳиш буд. Охир, рӯзи наҳсе буд, ки устоди азизу беҳамтои худро аз даст додем. Онеро, ки мояи ифтихор буд бароямон. Чун беҳамто буд. Ҳаргиз аз мушкилӣ наметарсид ва дар роҳи пешгирифтаву ақидааш истодагарӣ мекард. Воқеан, мисли кӯҳ устувор буд. Ғурури мардонагӣ дошт ва онро бо касбият омезиш медод. Дар натиҷа андешаҳои боб, ноб ва мунсифонааш рӯи саҳифаҳо мерехт. Рӯи саҳифаҳои пароканда. Ба ҳамин хотир, он вақт, баъди бозгашт аз маросими дафни устод ману Аҳлиддин Салимов нияти чопи китоберо, ки тавонад нигоштаҳои парокандаи ӯро ҷамъ орад, ба ҳамсабақаш Пӯлод Нуров ва дӯсти азизаш Фаррухшо Ҷунайдов изҳор кардем. Ин тасмим писандашон афтод ва нек раъй доданд. Ҳамин тавр, барои чопи китоб тайёрии ҷиддӣ дидем,- мегӯяд Ф. Асозода.
Аммо ӯ меафзояд, ки баъдан дар ин тасмим тағйирот ворид гардидаву ниҳоят сари мақсаде омадаанд, ки дар маҷмӯа ҳамчунин хотироти наздикону дӯстони марҳум ҷой дода шавад: «Ҷумъаи Толиб рӯзноманигори одӣ ва тасодуфӣ набуд. Таҷрибадор ва хеле моҳир буд дар кори худ. Яъне, ҳам дар соҳаи журналистика ва ҳам ҳуқуқшиносӣ. Ӯ пешсафтарин рӯзноманигори ҳуқуқшинос дар ҷумҳурӣ буд. Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро бо қувваи ҳофиза ва ҳуқуқдонии худ идора мекард ва фаъолияташро пеш мебурд. Чун ҳафтаномаи «Пайкон»-ро ташкил кард ва ҳамчун сардабири ҳушманд ба дарди дили мазлумон гӯш дод, дар муддати кӯтоҳ хеле шинохта шуд. Ин паҳлуи ҳолро ба инобат гирифта, хостем китоби мавриди назарамон фарогири навиштаҳои наздикону дӯстон ва шогирдони ӯ низ бошад. Ба ин хотир, эълонеро ҳам дар нашрияҳои кишвар пешкаши хонандагон кардем, то ҳар касе хотирае дар бораи устод дорад, бароямон бифиристад. Ғайри интизори мо, навиштаҳо хеле зиёд гирд омаданд ва хушбахтона, китобро мураттаб кардаву бо сифати аъло аз чоп бароварем...».
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фазлиддин Асозода: «Ҷумъаи Толиб воқеан кӯҳи ғурур буд» Бойгонӣ шудааст 25 апрели 2012 сол.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |