Лабибӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лабибӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
Лабиби — шоир

Лабибӣ (форсӣ: لبیبی‎, соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 11). Аз порчаҳои бокияи баъзе қасидаҳояш бармеояд, ки Лабабӣ. дар ахди Разнавиён дар Чағония зиндагӣ ва эҷод кардааст. Лабибӣ табъи баланд дошта, қисме аз ашъораш дар тазкира ва фарҳангу баёзхо чой дода шудаанд. Аз достонҳои зиёди дар баҳрҳои гуногун эҷодкардааш ба чуз байтҳои пароканда чизе то айёми мо нарасидааст. Бино ба маълумоти Байҳакӣ ва Масъуди Саъди Салмон Лабибӣ дар шеър ба дарачаи устоди расида, «сайидуш-шуаро» лақаб доштааст. Хамасронаш шеърхояшро тазмин кардаанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лабиби шоири асри XI форсу тоҷик мебошад. Аз порчаҳои бокимондаи баъзе қасидаҳояш маълум мегардад, ки дар ахди Газнавиен дар Чаганиен зиндагӣ ва эҷод кардааст. Лабиби шоири сухандони балантабъ будааст, вале аз ашъори ӯ то замони мо микдори каме омада расидааст: панч байт аз қасидае бо матлаи

«Корвоне хаме аз Рай ба сӯйи Даскада шуд,
Об пеш омаду мардум ҳама бар қантара шуд…»

ва 59 байт аз қасидае бо матлаи

«Чу баркандам дил аз дидори дилбар,
Ниходам мухри хурсандӣ ба дилбар…»

ва чанд қитъа. Лабиби ғайр аз ин дар баҳрҳои мухталиф достонҳо низ гуфта будааст, вале аз онҳо ба чуз байтҳои мутафаррика чизе боки намондааст. Аз ашъори бокимондаи шоир маълум мегардад, ки вай дар тасвири табиат, шикоят ва норозиги аз замон, панду ахлоқ ва дигар мавзӯъхо бо махорати баланд шеър навиштаст. Хамзамононаш уро устод хонда, шеърхояшро тазмин кардаанд. Аз ашъори Лабиби ғайр аз як қасида ва чанд байти пароканда, чизи дигаре боки намондааст.


Аз қасоид[вироиш | вироиши манбаъ]

Чу баркандам дил аз дидори дилбар,
Ниходам мухри хурсанди ба дилбар
Ту гуи доги сузон барниходам
Ба дил, к-аз дил ба дида дарзад озар.
Шарар дидам, ки бар руям хамечаст,
Зи мижгон ҳамчу сузонсуниши зар.
Маро дид он нигорин чашми гирьён,
Чигар бирён пур аз хун оразу бар.
Ба чашм андар шарори оташи ишқ,
Ба чанг андар инони хинг рахбар.
Маро гуфт он дилором: -Эй беором,
Хамеша тозиён бехобу бехвар!
Зи Ҷобулсо ба Ҷобулқо расиди,
Хамон аз бохтар рафти ба ховар.
Сикандар нести, лекин дубора
Бигашти дар ҷаҳон ҳамчун Сикандар.
Надонам то туро чанд озмоям,
Чи моя бинам аз кори ту кайфар.
Маро дар оташи сузон, чи сузи?
Чи дори айши ман бар ман мукаддар?

Аз мукаттаот[вироиш | вироиши манбаъ]

Корвоне хаме аз Рай ба суи Даскара шуд,
Об пеш омаду мардум ҳама бар кантара шуд.
Галаи дуздон аз дур бидиданд чу он,
Хар яке з-эшон гуфти, ки яке касвара шуд.
Он чи дуздонро рой омад бурданду шуданд,
Буд касе низ, ки бо дузд хаме яксара шуд.
Рахраве буд дар он рох дирам ёфт басе,
Чун тавонгар шуд гуфти суханаш нодира шуд.
Хар чи пурсиданд уро ҳама ин буд чавоб:
«Корвоне зада шуд, кори гурӯҳе сара шуд»,

Байтҳои пароканда[вироиш | вироиши манбаъ]

Гар Фаррухи бимурд, чаро Унсури намурд
Пире бимонд деру ҷавоне бирафт зуд.
Фарзонае бирафту зи рафтан -ш ҳар зиён,
Девонае бимонду зи мондан -ш хеч суд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе 1979