Лантаноидҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Лантаноидҳо — металлҳое рақами тартибии онҳо дар системаи даврии элементҳо аз 58 сар шуда, ба 71 поён меёбад. Дар ин элементҳо қабати берунаи электронӣ бетағйир монда, пуршавии пай дар пайи f-қишр ба амал меояд.

Дар ҳолати озод лантаноидҳо металлҳои хос мебошанд. Оксидҳояшон дар об ҳалнашандаанд, вале онҳо обро ба осонӣ пайваст намуда, ҳидроксидҳо ҳосил мекунанд, ки хусусияти асосӣ дошта дар об кам ҳал мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]