Лимӯ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Лиму)
Лимӯ
Дарахти лиму. Намуди умумӣ
Дарахти лиму. Намуди умумӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Citrus limon (L.) Osbeck, 1765

Лиму (лот. Cítrus límon) — рустаниест бисёрсолаи субтропикӣ.

Тавсифоти ботаникӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Лимӯ.
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887
Гули лиму

Дарахташ 3 — 7 м қад мекашад. Шохҳояш хордор (баъзан бехор), баргаш ғафс, дарозрӯя, гулаш сафеди хушбӯй, мевааш тухмшакл, баъзан мудаввар, сероб, турш. Лимуро барои тархурӣ (махсусан бо чой), тайёр кардани мураббо, нӯшоба, ҷем, компот, мармалод, қанд ва ғайра истифода мебаранд. Дар таркиби он туршӣ (асосан ҷавҳари лиму), қанд, витаминҳои С, Е, В1, В2, В6, В15, Р, каротин (провитамини А), моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии оҳан, фосфор, калий, калсий, магний мавҷуд аст. Лиму хосияти муолиҷавӣ ва парҳезӣ дорад.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби қадим лиму бо мақсади муолиҷаи бемориҳои узвҳои дарунӣ истифода мешуд. Мувофиқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ лиму меъдаро сахт мекунад, дилро қувват мебахшад. Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ табиати лимуро сарду хушк ҳисобидааст. Бино ба маълумоти ӯ лиму ҳангоми бемориҳои ҷигар ва меъда (гепатити музмин, заҳролудии ҷигар, гастрит), табларза, бемориҳои сироятӣ, уфунат, зиқи нафас, дарди гулу (ангина), дилзанӣ, рафъи хумор ва чун позаҳр, бахусус ҳангоми газидани ҳашарот муфид аст. Лиму пӯсти рӯйро тоза ва гармичаро нест мекунад. Агар мағзи лимуро гарм карда ба пешонӣ гузоранд, сардардро, ки бар асари гармӣ ба вуҷуд омадааст, рафъ менамояд.

Дар тибби халқӣ меваи тару тоза, мураббо, нӯшоба, шарбат ва ҷеми аз лиму таҳияшуда барои табобати бемориҳои меъда (газаки бар асари туршии паст пайдошуда), ҷигар (зардпарвин, гепатити куҳна), роҳҳои талха (холесистит, санги талхадон), гурда (дарди санги гурда, нефроз, нефрит ва систит), дарди буғуму мушак (ниқрис, тарбод, радикулит, невралгия ва ғайра) ва ба сифати воситаи хунбанд (ҳангоми хунравӣ аз бинӣ, меъда, милки дандон ва ғайра), табшикан, зиддиилтиҳобӣ, рӯҳафзо (ҳангоми бемориҳои сироятӣ — ангина, илтиҳоби шуш, сил, домана, зардпарвин ва ғайра) истифода мешавад. Лимуро дар амалияи акушерӣ барои пешгирии иллати веннаҳо ва қайи вобаста ба ҳамл кор мефармоянд. Ҷӯшоби меваи хушк ё пӯсти тари он барои муолиҷаи диабети қанд ва ғалаёни хун тавсия шудааст. Шахсони фишори хунашон баланд бояд дар як шаборӯз 3 — 4 маротиба лиму истеъмол намоянд (ҳар дафъа нисфи онро бо пӯсташ). Ин барои беморони гирифтори диабети қанд низ муфид аст.

Дар тибби муосир лимуро барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои бинобар гиповитаминоз ё авитаминоз (асосан витаминҳои С ва Р) сарзада тавсия медиҳанд.

Лиму барои одамони солим билкул безарар аст. Вале ашхоси гирифтори гастрити гиператсидӣ, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта бояд эҳтиёткор бошанд, зеро он шираи меъдаро зиёд карда, боиси зардаҷӯш, дарди сахт ва қай мешавад. Чунин беморон метавонанд 1 — 2 пораи лимуро бо чой ва ҳатман баъди таом истеъмол намоянд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Юсуф Нуралиев, Лекарственные растения, Д., 1988;
  • Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]