Лола Толис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Лола Толис (Пӯлодова))
Лола Толис
Лола Пӯлодова
Акс:Lola Tolis (Pulodova).jpg
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд соли 1954
Зодгоҳ шаҳри Душанбе
Пеша(ҳо) ҳунарманд

Лола Толис (Пӯлодова) – композитор, узви Иттифоқи композиторон Тоҷикистон (1982).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лола Толис (Пӯлодова) соли 1954 дар шаҳри Душанбе дар оилаи нависанда Пӯлод Толис таваллуд шудааст. Ба дарёфти қобилияти эҷодии композитори оянда ҳанӯз дар синфи композитсияи мактаби мусиқӣ, ки Г. Александров ва Ш. Пӯлодӣ дарс медоданд, мусоидат намуданд. Соли 1974 Лола Толис шуъбаи назариявии мактаби миёнаи махсуси мусиқии шаҳри Душанберо хатм намуда, факултаи назариявӣ-композитории Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский, ба синфи профессор Т.Н.Хренников дохил мешавад. Солҳои аввали таҳсил вай Прелюдияҳо барои фортепиано, Пйесаҳо барои скрипка соло, Соната барои фортепиано навишта, сурудҳои халқии тоҷикиро коркард намудааст. Дар курси сеюм Квартети тории сеқисмаро эҷод мекунад, ки мавзӯи он бо фолклори тоҷик алоқаманд аст. Баъдтар Квинтети нафасӣ иборат аз 4 қисм эҷод мегардад. Кори дипломии вай – силсилаи вокалӣ-симфонии «Ҷоми Хайём» ба рубоиёти Умари Хайём ва Лоиқ Шералӣ, барои баритон ва оркестри симфонӣ – аз ҷониби сароянда А.Холиқов ва оркестр таҳти роҳбарии дирижёр В.Дударова иҷро мегардад. Кори дипломӣ сазовори баҳои «аъло» гардид. Дар силсилаи вокалӣ-симфонӣ аз мусиқии халқии тоҷик иқтибосҳои мустақим нест, вале барои муаллиф фолклори миллӣ ҷузъи ҷудонопазири забони мусиқии ӯ гардида, тавъам ба сабки инфиродии вай ворид гашта буд. Дар ин самт истифодаи арфа ҳамчун тақлиди сози анъанавии тоҷикӣ – танбӯр қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ба муаллиф ҳиссиёти ошкоро хос аст. Шеърҳо бо завқи баланд интихоб шуда, аз мавзӯҳое, ки ҳамеша боиси ҳаяҷони одамон буданд ва хоҳанд монд – ишқ, андӯҳ, умед, ёди лаҳзаҳои шодиву сурур, яъсу ноумедӣ ривоят мекунанд. Мукаммалии ин силсила тавассути ҳадафи равшани драматургӣ, татбиқи пайғиронаи принсипи яккамавзӯӣ, ки тамоми саропои асарро фарогир аст, ба даст омадааст. Силсилаи вокалии мазкур бо комёбии бузург дар консерти Анҷумани VI композиторони Тоҷикистон (1981), дар консерти мусиқии композиторони тоҷик дар Хонаи умумииттифоқии композиторон (Москва, 1983), баъдтар дар шаҳрҳои гуногуни СССР, инчунин Германия иҷро гардид. Пас аз хатми Консерватория Лола Толис таҳти роҳбарии Т.Н.Хренников таҳсилро дар ассистентура-бозомӯзӣ идома медиҳад. Дар байни асарҳое, ки дар ин давра эҷод гардидаанд Сюита барои ду фортепиано ва Достон барои оркестри симфонӣ барҷастаанд. Солҳои таҳсил дар Консерватория – ин солҳои ҷустуҷӯи роҳи худ миёни анбӯҳи сабку самтҳо буд. Баъди хатми ассистентура-бозомӯзӣ соли 1982 Лола Пӯлодова ба Тоҷикистон баргашта, дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолияти омӯзгориро оғоз менамояд. Аз соли 1982 ин ҷониб вай узви Иттифоқи композиторон мебошад. Дар эҷодиёти хеш ба мусиқии вокалӣ афзалият додааст: силсилаҳои вокалии «Шаҳсавор», «Ашаглон» ба ашъори шоирони тоҷику форс. Солҳои 2000 – 2002 дар редаксияи мусиқии Кумитаи телевизион ва радио, 2002 – 2004 – котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, 2004 то имрӯз омӯзгор ва аз соли 2009 – мудири кафедраи композитсия, инструментовка ва хониши партитураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов шуда кор мекунад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Л.Толис нисбат ба эҷодиёти хеш хеле серталаб буда, асарҳои худро дуру дароз андеша намуда, суфта мегардонад. Лола Толис хусусиятҳои оҳанг, формулаҳои зарбӣ– усулҳо, шаклёбии мақомҳо, хусусияту унсурҳои ганҷинаи мусиқии тоҷик Шашмақомро пайваста меомӯзад. Дар асарҳои силсилаи вокалӣ-симфонии ӯ «Ҷоми Хайём», сюита-фантазияи «Ба васфи Ҳофиз» барои ду фортепиано, «Мақомариатсия» барои скрипка ва фортепиано ин саъйҳо таҷассум ёфтаанд. Асарҳои Л.Толис дар анҷуманҳо ва пленумҳои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1981, 1988), дар Пленуми ҷавонони Иттифоқи композиторони СССР дар Нижний Новгород (1988), дар консертҳои сайёри Иттифоқи композиторон, дар шаҳрҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Германия, ИМА иҷро карда шудаанд. Л.Толис дар Фестивали мусиқии ҷавонон дар Ереван (1989), Фестивали III эҷодиёти композиторони ҷавони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1990), Фестивали санъати тоҷик «Аржанг» (Душанбе, 2002), Фестивали байналмилалии оркестрҳои камеравӣ (Душанбе, 2008) ширкат варзидааст. Солҳои 1987 – 1991 Л.Толис узви Раёсати Фонди мусиқии СССР, 1991 – 1995 – узви раёсат ва солҳои 2002-2004 ба ҳайси котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҷаҳду талош баҳри комилан аз худ намудани асрори маҳорати композиторӣ, серталабии зиёд нисбат ба худ, амиқ ва ҷиддӣ будани ҳадаф – ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Лола Толис дар рушди фарҳанги мусиқии тоҷик саҳми арзандаи худро мегузорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои камеравӣ-созӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1975 – Прелюдии для фортепиано//Творчество молодых. – М.: Музыка, 1986.
  • 1977 – Квартети торӣ. Дастнавис.
  • 1980 – «Муколамаҳо», пйеса барои 2 фортепиано.
  • 1988 – «Бар васфи Ҳофиз», сюита-фантазия барои 2 фортепиано.
  • 1991 – «Мулоҳиза», мусиқӣ барои оркестри камеравӣ.
  • 1995 – Пассакалия барои арғунун.
  • 1996-1997 – Силсилаи пйесаҳои бачагона барои фортепиано.
  • 1998 – Пйесаҳо барои скрипка ва фортепиано.
  • 2004 – «Мақом-вариатсияҳо», барои скрипка ва фортепиано.
  • 2006 – Консерт-коллаж барои фортепиано бо оркестр.
  • 2007 – «Сюитаи ғазалҳо» барои скрипка ва фортепиано.
  • 2008 – Пйесаи консертӣ барои 2 фортепиано.

Асарҳои вокалӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

1979 – «Ҷоми Хайём», силсилаи вокалӣ барои баритон ва оркестри калони симфонӣ.

Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1987 – «Модар омад».[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.- С 218-219