Лутфия Раҷабова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфия Раҷабова
Раҷабова Лутфия Нусратовна
Таърихи таваллуд: 23 ноябр 1962(1962-11-23) (61 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лутфия Раҷабова (23 ноябри 1962, Душанбе) — олим, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати паҷум.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лутфия Нусратовна Раҷабова 23 ноябри соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор ва соли 1987 аспирантураи ҳамин донишгоҳро хатм намудааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро соли 1987 ба сифати ассистенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ оғоз карда, минбаъд ба ҳайси муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳамин донишкада, муовини ректори Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва сарходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи июли соли 2011 то соли 2015 муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ буд.

1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо маърӯзаҳои илмӣ дар конгресс ва конференсияҳои байналхалқии ISAAC −2007 дар шаҳри Анқараи Туркия, ISAAC-2009 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир, ISAAC-2013 дар шаҳри Кракови Полша, GF — 2011 ҷазираи Мартиникаи Франсия, Конгресси умумиҷаҳонии математикҳо — 2014 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ,соли 2007 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, соли 2011 дар шаҳри Стерлитамаки Федератсияи Россия баромад намудааст.

Муаллифи зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ ва як монография мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]