Лутфӣ Кабирова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфӣ Кабирова
Лутфӣ Раҳимҷоновна Кабирова
Таърихи таваллуд 7 октябр 1932(1932-10-07)
Зодгоҳ Самарқанд ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 19 май 2013(2013-05-19) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо Сопрано
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Лутфӣ Раҳимҷоновна Кабирова — овозхон ҳунарпешаи барҷастаи тоҷик (сопранои лирикӣ-драмавӣ). Ҳунарпешаи халқии СССР (1977).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лутфӣ Кабирова хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1949) ва Консерваторияи Маскав (1954). Аз соли 1954 ӯ ба ҳайси солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.

Овози Лутфӣ Кабирова васеъ ва дилнишину тобишнок буда, хушифодаву таъсирбахш аст. Ҳунарпеша ҳиссиёти ботинӣ ва олами маънавии қаҳрамонони худро табиӣ ва фасеҳ ифода мекунад. Ба қавли Н. Нурҷонов:

«Овозаш фораму ҷарангдор буда, услуби овозхониро дар ҳамаи регистрҳо моҳирона истифода намудааст. Ӯ тавассути овозхонӣ ҳолатҳои гуногуни қаҳрамонон ва шӯру ғалаёни ботинии онҳоро амиқу равшан ифода месозад».

Образҳои саҳнавӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Кабирова дар операҳои классикии русу Ғарб як силсила образҳои барҷаста офаридааст, ки Мария, Татяна, Лиза («Мазепа», «Евгений Онегин» ва «Модкаи қарамашшоқ»-и П. Чайковский, 1957, 1958, 1962), Дездемона, Леонора («Отелло» ва «Трубадур»-и Ҷ. Верди, 1966, 1967), Чио-чио-сан (операи ҳамноми Ҷ. Пуччинӣ, 1971) мисол шуда метавонанд. Кабирова дар операҳои тоҷик низ як силсила образҳои хуб офаридааст, ки Нисо («Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян, 1954), Гулрӯ («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, 1957), Сурма («Домоди номдор»-и С. Урбах, 1961), Малоҳат («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, 1976) аз ҷумлаи онҳоянд. Маҳорати баланди ҳунарварӣ ба Кабирова имкон додааст, ки хулқу хислати қаҳрамононро ҳаққонӣ, ҳаётӣ ва дилчаспу хотирмон офарад. Ӯ дар операҳои композиторони шӯравии рус нақшҳои Анхела («Духтари Куба»-и К. Листов, 1963), Наталия («Дони ором»-и И. Дзержинский, 1975), Катерина («Духтари ромшуда»-и В. Шебалин, 1959, 1976) ва ғ.-ро бо маҳорати хуб иҷро карда буд.

Кабирова дар опереттаҳо низ ба бозёфтҳои эҷодӣ ноил гардид, масалан, Силва Маритса (аз опереттаи ҳамноми И. Калман). Диапазони овози Лутфӣ К. васеъ ва дилнишину тобишнок буд. Дар барномаи консерти ӯ инчунин ария аз операҳо ва сурудҳои композиторони тоҷик, рус ва дигарон низ ҷой доштанд. Кабирова ба мамлакатҳои Полша, Эрон, Олмон, Белгия, Дания, Австрия, Туркия ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ дошт. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Советии Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.163-164. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)