Мавзолейи Ленин

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Мавзолейи Владимир Ильич Ленин, ёдгории меъмори, мақбара дар Майдони Сурхи Москва, (назди девори қасри Кремль). Дар толори мотами он тобут бо ҷасади мӯмиё- шудаи Владимир Ленин нигоҳ дошта шудааст. Ҳангоми тантанаҳо (намоишҳо, ваъзҳо, парадҳо ва ғайраҳо) Мавзолейро ба сифати минбари давлати истьифода мебаранд. 26-январи соли 1924 Съезди 2-юми советҳои Итиҳоди Шӯрави дар маҷлиси мотам қарори Ким-и Итиҳоди Шӯравиро аз хусуси бунёди Мавзолей тасдиқ кард. То 27-январ Мавзолейи муваққатии чӯби (тибқи лоиҳаи меъмор А.В Щусев), ки шакли мукааби аҳромӣ ва ду илҳоқия дошт, сохта шуд. Илҳоқияҳо вазифаи даромаду баромадҳоро адо мекарданд. Толори мотам дар умқи 3 м (дохили толор мувофиқи тасвирҳои рассом И.И. Нивински, ки таносуби рамзии рангҳои сиёҳу сурхро моҳирона ба кор бурдааст, оро ёфта буд) бунёд гардида,соати 16°° тобуту часади доҳӣ дар он ҷой дода шуданд. Дар давоми якуним моҳи аввал зиёда аз 100 ҳазор нафар одамон ба зиёрати доҳӣ омаданд.

Сарчашмаҳо[вироиш]