Мадиброҳим Норматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мадиброҳим Норматов
Мадиброҳим Норматов
Таърихи таваллуд 1 феврал 1938(1938-02-01)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1 ноябр 2019(2019-11-01) (81 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мадиброҳим Норматов — (1 феврали соли 1938 ноҳияи Ашт) — доктори илмҳои филолгия (1998), профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мадиброҳим Норматов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аспирантураи он (1966). Аз соли 1961 устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: ассистент, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 дотсент то ҳол. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. 1 соли 2019 дар шаҳри Душанбе забоншиноси маъруф, профессор Мадиброҳим Норматов дар синни 81 солагӣ аз олам даргзашт.[1].

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

М. Норматов нахуст соли 1991-ум ва бо сабаби эҳтиёҷи зиёди хонандагон такроран соли 2008-ум китоби «Таҳлили синтаксисӣ ва навъҳои он»-ро ба нашр расонид. Китобҳое, чун «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва «Забоншиносии умумӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Ф. Қ. Зикриёев) аз ҷумлаи ҳамин гуна асарҳоянд, ки ҳар ду бино ба эҳтиёҷмандии сахти толибилмони макотиби олӣ ду маротиба ба нашр расидаанд. аз ҷониби ӯ як даста рисолоти илмиву таълимии марбут ба наҳви ҷумлаҳои содаву мураккаб ба нашр расонида шуда, осоре чун «Омӯзиши ҷумлаҳои содаи яктаркиба», «Усули таҳлили синтаксисӣ», «Ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик», «Таҳлили синтаксисӣ ва навъҳои он», «Муқаддимаи забоншиносӣ», «Забоншиносии умумӣ», «Забони адабии муосири тоҷик» (синтаксис) ва даҳҳо мақолаҳои илмии ба масоили мухталифи забоншиносии тоҷик бахшидашуда ба дасти хонандаи тоҷик расид.[1]

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муқаддимаи забоншиносӣ. - Душанбе: «Маориф», 1995.- 172 с.; Душанбе: «Матбуот», 2006.- 240 с.;
  • Забоншиносии умумӣ. - Душанбе: «Маориф», 1991.- 160 с.; Душанбе: «Матбуот», 2007.- 256 с.;
  • Ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик. - Душанбе: «Матбуот», 2001.- 184 с.;
  • Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он. - Душанбе: «Матбуот», 2008.- 148 с.;
  • Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис). - Душанбе: «Матбуот», 2011.- 324 с.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]