Майдон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Майдон ё стадион(юнонӣ: στάδιον) — иншооти варзишист, одатан аз майдони алафӣ ва ҷойҳои тамошобинон иборат аст. Инчунин майдончаҳои иловагӣ ва ҷой барои машқкунӣ ва либосивазкунии дастаҳо дорад. Майдонҳо на фақат барои варзиш (футбол, варзиши сабук), балки барои гузаронидани консерт ва дигар чорабиниҳо истифода мешаванд. Майдонҳои аввалин дар Юнони Қадим барои гузаронидани бозиҳои Олимпӣ ва дигар мусобиқаҳо варзишӣ пайдо шудаанд. Аз ҳама майдони қадимтарин дар шаҳри Олимпияи Юнон ҷойгир шуда будааст. Сараввал майдон танҳо барои мусобиқоти давидан истифода мешуд; таҷрибаи стандартикунонии андозаи майдон — 180—200 метр (як стадий, ки ба номи иншоот алоқаманд аст) аз ҳамин ҷо сар шудааст.

Аксҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:

Пайвандҳои беруна[вироиш]