Масҷиди Абдуллоҳхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Масҷиди Абдуллоҳхон — ёдгории меъмории мансуб ба садаи XVI, масҷиди ҷомеи деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара. Масҷид дар замони хони Шайбонӣ Абдуллоҳхон (1557—1599) соли 1585 сохта шудааст. Соли 1909 дар саҳни ҳавлии масҷид аз хишти пухта Саид Алибой ном шахс манорае бунёд намуд. Масҷиди Абдуллоҳхон гунбаздор аст. Дарозии бино 20,2 м, мавзеи марказии он 10,47 м, қанотҳо 15, 15 — 18,65 м, баландии равоқ 9м-ро ташкил медиҳад. Меҳроби паҷтаркаи масҷид ҳошияҳои музайян ва бурҷҳои гаҷкорӣ дорад. Тоқи қисми шарқӣ чун роҳрав истифода шуда, пештоқро бо бинои марказии гунбаздор мепайваст. Гунбази куррашакл болои устувонаи на он қадар баланд бунёд ёфтааст. Масҷид намотоқи умқӣ дошта, бари он 10,7 м аст ва дорои нақшу нигори рангаву катибаҳои кӯфӣ ва хиштҳои зебо мебошад. Тоқи намо дар ҳошияҳояш ба усули «гиреҳ» оро дода шудааст. Нақшҳои ҳамаи қисмҳои чӯби шифт ва сарсутунҳо рангҳои сурх, сабз ва кабуд доранд. Тибқи шаҳодати калонсолон дар мадраса мударрисон Домулло Мирабдулло, Мулло Маҳмудхӯҷа, Мулло Соҳиб, Мирзоабдулло, Муҳаммадҷони Махдум ва мутаваллиҳо Мулло Поччохӯҷа, Мулло Нуруллохӯҷа ба таълиму тадриси толибилмон пардохтаанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат қарор дорад. Ба истиқболи 1100-солагии давлати Сомониён Масҷид ҳамчун иншооти ҷашнӣ пурра таъмиру тармим ва эҳё гардид.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]