Матлуба Азимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Матлуба Азимова
Матлуба Нуриддиновна Азимова
Таърихи таваллуд 24 май 1946(1946-05-24) (77 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд ҶШС Тоҷикистон, СССР
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1994), Корманди шоистаи маорифи ҶТ (1996)

Матлуба Нуриддиновна Азимова (24 майи 1946, Хуҷанд) — забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (2007), профессор. Аълочии маорифи ҶТ (1994). Корманди шоистаи маорифи ҶТ (1996).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матлуба Нуриддиновна Азимова 24 майи соли 1946, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. ДДОЛ ба номи С. М. Киров- ро хатм кардааст (1968). Муаллим (1968—1972), сармуаллими факултаи забонҳои хориҷии ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1973—1980), муҳаққиқ-коромузи Донишгоҳи Кембриҷи Бритониёи Кабир (1979), мудири кафедраи инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии забони англисӣ (1980-87), мудири кафедраи фонетика ва лексикология (1987—1992), декани факултаи забонҳои хориҷӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1992—2003), мудир ва дотсенти кафедраи забони англисии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон (2004) — 2008. Солҳои 2008—2012 мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз соли 2012 то имруз профессори кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи бештар аз 70 мақолаи илмӣ дар соҳаи таҳлили мукоисавии вожахо ва ибораҳои фразеологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ. Иштироккунандаи «Роҳпаймоии сулҳҳ» дар ИМА (1988), шаҳрванди фахрии шаҳри Линколни ИМА мебошад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Омузиши намудҳои хониш дар зинаи болои факултаҳои забонӣ. — Хуҷанд, 1992;
  • Китоби забони англисӣ. — Хуҷанд, 1998;
  • Таснифоти семантикии воҳидҳои фразеологӣ дар забони англисӣ ва тоҷикӣ. — Хуҷанд, 1988;
  • Таҳлили вохидҳои фразеологӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. — Душанбе, 1995;
  • Сопоставительное типологическое исследование фразеологической системы таджикского и английского языков. — Душанбе, 2006;
  • Сопоставительно-типологический анализ фразеологизмов современного таджикского и английского языков. — Душанбе, 2006.[1]
  • Вохидҳои фразеологии забоншо тоҷики ва англиси дар шархи мукоисави-типологи. — Хучанд: Меъроҷ, 2014, 180 с.
  • Инкишофи нутки хатти ва шофохии забони англиси. Китоби дарси. — — Хучанд: Меъроҷ, 2015, 390 с.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]