Мақбараи Хоҷа Дурбод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақбараи Хоҷа Дурбод — ёдгории меъмории асрҳои XII—XIII дар ҳаволии деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус. Мақбара дар кӯҳнамазор аз хишти пухта бино ёфтааст. Намои асосии он рӯ ба ҷониби шарқ аст. Мақбара да ҳолати нимхароб то замони мо расидааст. Қисме аз сақфи гунбаз вайрон шуда, ҷузъҳои боқии он низ харобу валангоранд. Асоси иморат мураббаъ буда (тӯлаш 725 см), намоҳои начандон баланди он бо усули тоқу нижвонӣ оро ёфтаанд ва истифодаи ду намуди (22 — 23Х4 — 5 ва 26 — 27Х5 — 5 см) хишти пухта биноро марғуб ва нодир сохтаанд.

Мақбара бар болои асоси мураббаи ҳашттарки дукамараи се тарафаш даричадор (ғайр аз самти шарқ) сохта шуда, намои камари таҳтонии ҳашттарк бо тоқҳои росткунҷа зинтёфтааст. Хиштҳои ҳашттарк аз хиштҳои намои умумӣ андаке бузургтар буда, андармиён ба таври амудиву уфуқӣ чида шудаанд. Бо вуҷуди зоҳиран мураббаъ будани асосаш, девори дохили он ҳаштқирра ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад. Дар девори дигар паҳлӯҳо (ғайр аз дарҳои даромад) тоқчаҳои росткунҷаи начандон амиқ ҷой дода шудаанд, ки заминашон бо рани сурх гулпартоӣ гардидааст. Майбараи Хоҷадурбод аз дигар ёдгориҳои меъморӣ бо шарфаҳои ғайриодиаш (бо кунҷҳои девори ҳашттарк такякунанда) фарқ мекунад. Мақбараи Хоҷадурбод хеле зебост. Истифодаи усулҳои меъмории ғайриодӣ, ки хусусияти санъати биносозии маҳаллист, қимати таърихиву бадеяшро афзудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе, 2012.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]