Маҳмадсаид Убайдуллоев

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Маҳмадсаид Убайдуллоевич Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев
Noimage.svg
Зодрӯз 1 феврали соли 1952
Зодгоҳ ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон
Вазифа Раиси шаҳри Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Маҳмадсаид Убайдуллоев - 1 феврали соли 1952, дар ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб (айни ҳол вилояти Хатлон) ба дунё омадааст. Дар Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон таҳсил намудааст (1968 - 1970), Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харковро хатм намудааст (1974), Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошканд-ро бо баҳои аъло хатм намудааст (1985).

Фаъолияти мехнатӣ[вироиш]

  • 1974-1975, Сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
  • 1975-1976, Сармуҳандиси шабакаи ҳисоббарии мошинавии Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
  • 1976-1979, Директори маркази ҳисоббарории Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
  • 1979-1981, Инструктори шӯъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
  • 1981-1983, Мудири шӯъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
  • 1983-1985, Шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошканд, ш. Тошканд;
  • 1985-1986, Муовини сардори Раёсати омори марказии ҶШС Тоҷикистон, ш. Душанбе;
  • 1986-1988, Мудири шӯъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи мардуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
  • 1988-1990, Сардори Раёсати омори вилояти Хатлони Раёсати марказии омори ҶШС Тоҷикистон, ш. Курғонтеппа;
  • 1990-1992, Муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
  • 1992-1994, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
  • 1994-1996, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
  • 1996 – то айни замон Раиси шаҳри Душанбе;
  • 2000- то айни замон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
  • 2007 – 2009, Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё (ЕврАзЭС).

МУКОФОТҲО, ҶОИЗАҲО ВА ТӮҲФАҲО[вироиш]

  • Ордени «Дӯстӣ»,1998 сол;
  • Ордени «Исмоили Сомонӣ», 1999 сол;
  • Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I, 2006 сол;
  • Ордени «Барои манфиати башарият», барои хизматҳои барҷаста дар фаъолият барои манфиати башарият ва саҳм дар таҳкими дӯстии халқҳо (Мукофоти олии байналмиллалӣ) сарфароз гардонида шудааст. Аз ҷониби Шӯрои Олӣ оид ба мукофотҳо соли 2008 мукофотонида шудааст.
  • Ҷоиза барои комёбиҳо дар асри XXI – 500 Роҳбарони обрӯманд (дар китобхонаи Конгресси ИМА сабт шудааст, Вашингтон, 2001 сол);
  • Дипломи Байналхалқии Шараф, барои саҳми муҳим дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, комёбиҳои назаррас дар соҳаи идора, дар нашри 10-уми Маълумотномаи Байналхалқии Роҳбарони Барҷаста – 2001 сол қайд шудааст, Институти Амрикоии Библиографӣ, ИМА;
  • Мукофот барои эътирофи қобилиятҳои Роҳбар барои саҳми муҳим дар соҳаи идора – дар нашри 10-уми Маълумотномаи Байналхалқии Роҳбарони Барҷаста – 2001 сол эътироф шудааст, Институти Амрикоии Библиографӣ, ИМА;
  • Медали «Ба хотири 850-солагии Москва», 26 феврали соли 2007 бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Елтсин Б.Н. мукофотонида шудааст;
  • Медали «Ба хотири 300-солагии Санкт-Петербург», 19 феврали соли 2003 бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Путин В.В. мукофотонида шудааст;
  • Медали ҷашнии «10- солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон», соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Назарбаев Н.А. мукофотонида шудааст;
  • Медали Тилоии «Барои сулҳ ва ҳамфикрӣ», соли 2006 аз ҷониби Федератсияи Сулҳ ва Ҳамфикрӣ (Созмони байналхалқии ғайридавлатӣ бо статуси машваратӣ дар назди ЭКОСОС СММ ва бо статуси иштирокчии Шурои Аврупо) мукофотонида шудааст;
  • Медали «Муҳандисони барҷастаи Ҷаҳон 2006» (Leading Engineers of the World 2006) аз ҷониби Маркази Биографии Байналхалқӣ мукофотонида шудааст, Манчестер, Британияи Кабир, 2006 сол;
  • Дипломи СММ-ХАБИТАТ ва Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳид ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар шаҳри Душанбе, Рӯзи Умумиҷаҳонии ХАБИТАТ, Қазон – 2006 сол.
  • == НАШР ==
  • Зери таҳрири умумии Маҳмадсаид Убайдуллоев китобҳои зерин нашр шудаанд: "Асосҳои давлатдории навин" (2002); "Таърихи шаҳри Душанбе (аз давраи қадим то замони мо)" (2004); дар ҳаммуаллифӣ бо Ратушенко Г.П. китоби зерин нашр шудааст: "Душанбе – шаҳри Сулҳ" (2004)

ҶАНБАҲОИ ШАХСӢ ВА ОИЛАВӢ[вироиш]

Раиси шаҳри Душанбе (аз соли 1996), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2000 ) Падар -Маҳмудов Убайдулло (соли 2007 фавтидааст), Модар-Назирова Саъбагул (соли 1986 фавтидааст); оиладор, ҳамсар – Каримова Рузигул; соҳиби ду писар ва як духтар

ШУҒЛИ ДӮСТДОШТА[вироиш]

Сиёсат, мантиқ, диалектика ва фалсафа.

Суроғаи корӣ[вироиш]

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, х. Рӯдакӣ, 48, Душанбе, 734025, Тоҷикистон; Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, х. Рӯдакӣ, 42, Душанбе, 734001, Тоҷикистон Суроғаи электронии корӣ: dushanbe80@yahoo.com

Пайвандҳои беруна[вироиш]