Jump to content

Маҳмуди Торобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуди Торобӣ
форсӣ: محمود تاربی
Сурат
Таърихи таваллуд номаълум
Таърихи даргузашт 1238
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша Q88105342?

Маҳмуди Торобӣ (форсӣ: محمود تارابی‎; номаълум1238, Кармана[d]) — раҳбари шӯриши мардумии форс-тоҷик бар зидди ҳокимони муғул дар Мовароуннаҳр (1238).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмуди Торобӣ аз оилаи ҳунарманд буда, ғалберсозӣ мекард. Аз номи зодгоҳаш ӯро Торобӣ номидаанд. Маҳмуди Торобӣ аз хоҳараш касби табибиро низ омӯхта бисёр одамонро табобат намудааст ва дар байни мардум обрӯю эътибори зиёде пайдо кардааст. Ӯ дар Тороб ва гирду атрофи он бо хашму ғазаб баромад карда, халқро ба муборизаи зидди метилогӣ ром ва тарафдорони онҳо даъват мекард. Ҳукуматдорони Бухоро аз путтҳои Маҳмуди Торобӣ тарсида, борҳо ба куштани ӯ кӯшиш кардаанд. Вале Маҳмуди Торобӣ ҳар дафъа аз ниятҳои ғаразноки душманонаш пай бурда, ҷон ба саломат мебурд. Ниҳоят бо сардории ӯ бар зидди зулму истибдоди истилогарони муғул ва феодалони маҳаллӣ шӯриши халқ cap зад, ки он дар таърих бо номи Шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст.

Муаррихони асрҳои миёна, ки асарҳои худро аз нуқтаи назари намояндагони синфҳои доро таълиф мекарданд, ин шӯриш ва алалхусус шахсияти худи Маҳмуди Торобӣро бо кинаву адоват ба қалам додаанд. Мас., Чунин навиштааст, ки Маҳмуди Торобӣ худ ода­ми девонатабиат буда, ба вай фақат одамони пастфитрат пайравӣ мекар­данд. Вале дар асл Маҳмуди Торобӣ муборизи собитқадам ва соҳибтадбири роҳи озодии аҳли меҳнат буд. Аз ин ҷост, ки Маҳмуди Торобӣ дар таърихи халқи тоҷик ва диг. халқҳои Осиёи Миёна мақо­ми барҷаста дорад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Маҳмуди Торобӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).