Маҳмудҷон Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмудҷон Қосимов
Сурат
Таърихи таваллуд 5 июли соли 1963
Зодгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмудҷон Қосимов 5 июли соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.

Фаъолияти кориашро соли 1985 аз вазифаи ёвари прокурори ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло Шоҳмансур) оғоз кардааст.

Маҳмудҷон Қосимов, ҳамчунин, ёвари калони прокурори вилояти Кӯлоб буд.

Аз соли 1991 то 1993 — мутахассиси калони Кумитаи назоратии назди президенти Тоҷикистон, мушовир - мутахассиси калони Кумитаи сохтмони Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Аз соли 1993 то 2003, муддати 10 сол, дар вазифаҳои муовини сардор ва сипас, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Кумитаи андози Тоҷикистон, сарвари Раёсати гумруки минтақавии шаҳри Душанбе, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, муовини вазир - сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 20022006 дар вазифаи муовини аввали вазири Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 2006 то 2007 — узви Шӯрои мудирон, сарвари Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ, амният ва фановариҳои ҷадид, муовини раиси Шӯрои директорони ҶШС «Тоҷиксодиротбонк», ҳамзамон, мушовири иҷтимоии UNICEF буд.

Аз соли 2008 то соли равон - коршиноси масоили ҳуқуқии тарҳи Комиссияи Аврупо «Ислоҳот ва модернсозии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», директори генералии ҶШС «Энергия А», ҳуқуқшиноси озод, сарвари Анҷумани брокерҳои гумруки Тоҷикистон, директори ҳуқуқии КВД «ТАЛКО» буд.

Ҳоло муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори Ҳизби «Тоҷикистони нав» аст[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Инҳоро бояд шинохт: Маҳмудҷон Қосимов - TOJNEWS http://www.tojnews.org/inhoro-boyad-shinokht-dar-borai-mahmudjon-qosimov(пайванди дастнорас)