Меъёри ҳуқуқ
Зоҳир
Меъёри ҳуқуқ — нишондоди ҳуқуқӣ мебошад, ки қоидаи рафтор, шартҳои иҷрои онро муқаррар мекунад.
Меьёри ҳуқуқ унсури ибтидоии низоми ҳуқуқ аст. Маҷмӯи чунин меъёрҳо соҳа ва институти ҳуқуқро ташкил медиҳад. Меъёрҳои ҳуқуқ якчанд намуд мешаванд:
- меъёрҳо-принсипҳо,
- меъёрҳо-мафҳумҳо,
- меъёрҳо-қоидаҳои рафтор;
- меъёрҳои танзимсозанда ва ҳифзкунанда;
- меъёрҳои императивӣ ва диспозитивӣ, тавсиядиҳанда ва ҳавасмандкунанда;
- меъёрҳои ваколатдоркунанда, ӯҳдадоркунанда ва манъкунанда;
- меъёрҳои амали умумӣ ва махсус.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 290
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |