Мирзо Ато

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Ато

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Ато (соли таввалуд ва вафот номаълум), шоири тоҷики охири асри XVIII ва аввали асри XIX мебошад. Дар Бухоро касби камол кардааст. Аз Мирзо Ато танҳо як нусха девони ғазалиёт боқист, ки солҳои 1846 - 47 китобат шуда, 547 ғазалро дар бар мегирад. Шоир бо тахаллусҳои «Мирзоато» ва «Ато» шеър гуфтааст. Ғазалиёти ӯ соддаву равон буда, бештар дар пайравии Ҳофиз ва Соиб супурда шудаанд. Дар ашъори Мирзо шикоят аз беадолатиҳои замона ва ифшои нуқсонҳои иҷтимои бисёр аст. Ҷараёни зиндагии Мирзо Ато хеле бад гузаштааст. Дар девони ғазалиёти ӯ шеърҳои зиёде ҳаст, ки пайваста аз фақирию тангдастиҳои худ шикоят менамояд. Мирзо сабаби ин фақирию нотавониҳои худро аз сахтию тангӣ ва бенизомиҳои замонаи зулмбунёд медонад. Аз ҷумла дар ин чанд байти ғазал мегуяд:

Намегӯи, фалак, бо ман ту хасми аз чи руд ори,
Ки хар дам пур куни аз бодаи ғам чоми сабхоям?
Зи доги дил задам оташ, бар аъзоям кард таъсире,
Гуле бар сар ниходам хори ӯ берун шуд аз поям.
Ба як охи сахар афлокро зеру забар созам,
Агар берун барояд як шарар аз санги хороям.

Мирзо дар ғазалиёти худ бо тасвири ҳаёти вазнини табақаи поёнӣ иҷтимои маҳдуд намегардад. Ӯ бо сӯзу гудоз сабабгорони ин ҳама бадбахтиҳоро тавассути образҳои шинам ва гуногуни бадеи сахт маҳкум месозад. Чунончи шоир гуфтааст:

Лағаткуби ҳаводис ҷону дил ҳар лаҳза мегардад.
Кашам аз дасти абнои замон хар лахза хорихо.
Ба мотамхонаи гардун зи гардиш чарх бемор аст,
Фалак пушад либоси нили аз бечойгардихо.

Харчанд ин шеърхо хузноваранд, вале аз онҳо садои эътирози шахсони помоли ходисоту бедодиҳои рузгоргардида баланд шунида мешавад. Мирзо захирае дар гирдоби ноумедихо ба дасти қисмат аст, аммо ботинан кахрамони лирикии ӯ азми матин ва рухияи некбинонае дорад:

Аз буни хар муйи ман сад чашмаи оташ равад,
Ҳамчу шамъи базм чашми ашкборам додаанд.
Хасм агар ояд дучорад чун калам катъ кун.
Дар сухан теги забони обдорам додаанд.

Чунон ки мебинем, лирикаи Мирзо бо мазмуну мундарича ва гояи худ дар шаъни золимони нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX халки Мовароуннахр як айбномаи раднопазир аст.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дареғи умр, ки бе руйи ёр мегузарад,
Ки чашм то ба ҳам орӣ, баҳор мегузарад.
Зи шӯхии нигаҳи зулфи тобдор мапурс,
Чи фитнаҳо, ки дар ин рӯзгор мегузарад.
Зи солу моҳ чӣ пурсӣ, ки умр охир шуд,
Варақшумории лаълу наҳор мегузарад.
Ҳазор чашм, интизор дар раҳи туст
Ба водие, ки бароӣ, шикор мегузарад.
Ато, зи шарми рухи ёр об шуд гулҳо,
Ба ҳар чаман, ки ҳамон гулъузор мегузарад.
Ало, эй шухи ширинкори айёр,
Рабудӣ ҷону дилҳоро ба як бор,
Нахоҳӣ дид рухсори ман имруз,
Бирав аз дида хунин ашк мебор.
Мунаввар кун зи ҳуснат оламеро,
Ки аз рухсори моҳат парда медор,
Ба май афканда акси рӯйи худро,
Ба ушшоқат на сар монад на рухсор.
Ба осоиш муяссар кай шавад васл,
Ба хобби ноз рафта бахти бедор.
Ато имрӯз арзи ҳоли худ кун,
Талаб дорем бӯсе аз лаби ёр.
Аблаҳпараст гаштааст айём бештар,
Оқил фитодаташт аз ин бом бештар.
Аз дил бурун тамаъ, ки кассе кард шуд азиз,
Хорӣ намуда рӯй зи ибром бештар.
Ҳар кас, ки дуну сифлаву таммоъу беҳаёст,
Дар зери чарх гашта бигӯ ном бештар.
Соҳибҳаёву фазлу хирад ҳар касе, ки ҳаст,
Бошад фусурдатолеъу ноком бештар.
Тазвири хеш карда ридову фашу або,
Сайёди халқ гашта ниҳанд дом бештар.
Дар оташи муҳаббати ӯ айни сухтан,
Вирди забон ниҳанд, бувад ром бештар.
Мирзо Ато, бирав ту ба узлат қарор гир,
Аз халқ ҳар кӣ дур шуд, ором бештар.

Адабиёти истифодашуда[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулшани адаб