Мирзо Турсунзода

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Мирзо Турсунзода
MirzoTursunzoda.jpg
Зодрӯз 1911
Вазифа Шоир Қаҳрамони Тоҷикистон Hero Tadschikistan.png

Мирзо Турсунзода (1911 - 1977) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо.

Ҳолнома [вироиш]

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад.Шоир соли 1977 дар шахри Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоби шахри Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар аст, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодӣ ба Ватан ва мардумони он бахшида шудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо [вироиш]

Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон бо мукофотҳои давлатӣ ва ба номи Ленин қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвони олии ИҶШС - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардидааст. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Неҳру (1967) сарфароз шуда буд. Яке аз ноҳияҳо ва шаҳри Тоҷикистон ба номи Турсунзода гузошта шудааст. Нимпайкараи ӯ дар Лучоби Душанбе ва ҳайкалаш дар ш.Турсунзода аст. Соли 2001 барои хизматҳои шоистааш ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст.

Достони Ҷони ширин [вироиш]

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам,
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёду ту буд,
Ёди руи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил гашт кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчӣ зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин,пас дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун,
Нестам мисли падарҳои дигар
Дар бари фарзандҳо шому саҳар,
Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,
Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.


Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон