Моёншо Назаршоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Моёншо Назаршоев
Моёншо Назаршоев
Зодгоҳ Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

Моёншо Назаршоев — арбоби давлатӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, олим, доктори илмҳои таърих, профессор. Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар давоми фаъолияти омӯзгории хеш дар Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ва баъдтар дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонба тайёр ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғул буд. Саҳми ин олим махсусан дар тарбияи зиёиён ва ходимони илмӣ хело калон аст. Аввали солҳои шастум замони фаъолияти кории Моёншо Назаршоев васеъ мегардад. Ӯ ба корҳои ҳизбӣ ҷалб мешавад. Ҳамчун роҳбари вилоят, аз рӯзҳои авали фаъолиташ хуб дарк кард, ки қисми масъалаҳои муҳими пешрафти вилоятро дар сатҳи идораҳои ҷумҳурӣ ҳаллу фасл кардан имкон нест. Ҳамин буд, ки ӯ ду маротиба бо талабу дархост ба назди Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС А. Н. Косигин рафта буд. Дар натиҷа бо мадади А. Н. Косигин барои вилоят 200 мошини тамғаи «Зил-130» ва «ГАЗ-53» ва барои сохтмони стансияи телевизионии «Орбита» маблағ дастрас гардиданд. Маҳз Ҳукумати марказии СССР таклифу дархост ва пешниҳодҳои М. Назаршоевро ба инобат гирифта, 31 январи соли 1967 қарори махсусеро «Дар бораи чорабиниҳои барои тараққиёти иқтисодиёт ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти моддӣ - мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд. Дар ин қарор перспективҳои мушаххаси инкишофи тараққиёти иқтисодӣ- иҷтимоӣ, маданӣ-фарҳангӣ ва алалхусу баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии моддии меҳнаткашони Бадахшон хеле равшан муайяан гардида буданд. Моёншо Назаршоев дар давраи котиби авали комитети ҳизбии вилоят буданаш ба инкишофи соҳаи саноат, коркардабарории тило, лаьлу лоҷвар мармар ва дигар захираҳои бебаҳои зеризаминии Бадахшон диққати махсус медод. Аз миёни солҳои шастум сар карда дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар маркази он шаҳри Хоруғ ба нақшагирии сохмони корхонаҳои саноатӣ, ба монанди заводи нон, комбинати гӯшту шир, заводи маснуоти оҳану бетонӣ шурӯъ карда мешавад. Хизматҳои Моёншо Назаршоев ҳамчун роҳбари вилоят дар инкишофи соҳаи маориф, илм ва фарҳанг низ хело калонанд. Вай ҳамчун сарвар – олим кушиш бар он дошт, ки дар Бадахшон низ як маркази илмие таъсис ёбад. Бо дастгирии ӯ соли 1969 дар базаи Боғи ботаникии Помир институти биологӣ ташкил шуд, ки барои минбаъд инкишоф ёфтани тадқиқотҳои илмӣ дар Помир заминаи мустаҳкам гузошт. Ҳоло дар ин маркази илмӣ олимони зиёде ба воя расидаанд, ки дар инкишофи илми ҳаётшиносӣ дар Бадахшон саҳми босазое доранд. Сар шудани сиёсати бозсозӣ дар ҷомеаи Шуравӣ аз нимаи дуюми солҳои 80-ум раванди демократикунонии ҷомеаро тезонид. Ба вуҷуд омадану ташаккул ёфтани системаи биёрҳизбӣ, аз сари нав ба арсаи сиёсат ворид шудани ингуна шахсон гардид. Ва аз ин солҳо баъди 20 соли фаъолият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давраи дуюми иштироки фаъолонаи М. Назаршоев ҳамчун ходими сиёсию давлатӣ сар мешавад. Соли 1990 пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, қувват гирифтани ихтилофи иҷтимоӣ, ки ба бесуботии тамоми сохторҳои ҳокимият сабаб гардиданд ва аз авали соли 1990 вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро ҳам мураккаб гардонид. Сар шудани ҷанги бародаркушӣ ба сари мардуми ҷумҳурӣ бадбахтиҳои зиёде овард. М. Назаршоев дар ин рӯзҳои барои халқи тоҷик мушкил тамоми маҳорату малака ва донишашро ба он равона намуд, ки пеши роҳи қурбониҳо, парокандагию беамониҳо гирифта шавад. Ин кӯшиш ва иқдоми ӯ моҳи ноябри соли 1992 аз баромадаш дар иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшану возеҳ манзур мегардад. Барои мӯътадил гардонидани вазъият ва пешгирии фалокати миллӣ, парлумон, роҳбарияти мамлакат як қатор чорабиниҳоро андешиданд. Аз ҷумла, парлумоти ҷумҳурӣ ба Шӯрои Олии Русия, ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар бораи ба Тоҷикистон ворид намудани нерӯҳои муштараки ҳомии сулҳ муроҷиатнома фиристонд. Яке аз чунин гурӯҳҳо парлумони Тоҷикистонро, ки ҳангоми муҳокимаи муроҷиатнома дар ҷаласаи парлумони Русия иштирок дошт, раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонон шодравон Моёншо Назаршоев сарварӣ мекард. Ҳамчун ходими сиёсӣ ва давлатӣ ӯ хуб дарк мекард, ки роҳи ягонаи ҳалли зиддиятҳо ва баргардонидани сулҳ ба Тоҷикистон ин роҳи сиёсат аст. Ӯ яке аз ҷонибдорони ташкил намудани гуфтушунид бо нерӯҳои мухолифин буд. Тамоми ҳаёту фаъолияти ин марди ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус Бадахшон ҳарчӣ зудтар аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Моёншо Назаршоев ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, ба ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мегардид ва онҳоро ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Вазифаи нав дар Ҳукумат аз ӯ масъулияти дучандро талаб мекард. Беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, зиёд намудани маоши коркунон ва кормандони муассисаҳои табобатию фарҳангӣ ва ғайраҳо ҳадафи ҳаррӯзаи фаъолияташ қарор мегиранд.

Моёншо Назаршоев бисёр корҳоро анҷом медод, агар душманони миллат бо кирдори разилонаи худ риштаи ҳаёти ин ходими барҷастаи давлатиро моҳи марти соли 1994 барнамеканданд. Маҳз ҷонбозиҳо ва хидмати чунин ашхоси миллати тоҷик буд, ки сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва давраи созандагӣ шурӯъ гардид.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Некдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои посдории номи неки ӯ соли 1999 хона-музеи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Шуғнон таъсис ёфта Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур кӯчае ба номи ӯ аст.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]