Моҳихӯрак

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Phalacrocorax pelagicus

Моҳихӯрак (Phalacrocorax), як ҷинси паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба оилаи Steganopodes мансубанд. Дарозии танаш 55-92см. Болу параш сиёҳ. Қариб 30 намуди моҳихӯрак дар Европа, Америкаи Шимолӣ, Осиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав паҳн шудааст. Дар ИҶШС 6 ва дар Тоҷикистон 2 намуди Моҳихӯрак : Моҳихӯраки калон (Phalacrocorax carbo) ва моҳихӯраки хурд (Phalacrocorax pygmaeus) зиндагӣ мекунанд. Моҳихӯрҳо дар обанбор-ҳои сунъӣ ва табии Тоҷикистон тӯда-тӯда шуда зиндагӣ мекунанд.