Моҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Моҳтоб)

Шаблон:Pp-semi-protected Шаблон:Pp-move-indef

Шаблон:Use American English

Моҳ

Full moon seen from North America
Мушаххасоти мадорӣ
Эпоха: J2000
Перигелий 363 300 км
Афелий 405 500 км
Периgee 363 104 км
(356 400 – 370 400 км)
Апоgee 405 696 км
(404 000 – 406 700 км)
Нимқутри бузург (a) 384 399 км
0,00257 я. н.
Хуруҷ аз маркази мадорӣ (e) 0,0549 (миёнгин)
Давраи тановуби мадорӣ
27.321661 d
(27 d 7 h 43 min 11.5 s[1])
Давраи тановуби ҳилолӣ
29.530589 d
(29 d 12 h 44 min 2.9 s)
Суръати миёнгини мадорӣ 1.022 km/s
Аносири мадории Кеплерӣ (i) 5.145° to the ecliptic[2][lower-alpha 1]
Долгота восходящего узла (Ω)
Regressing by one revolution in 18.61 years
Аргумент перицентра (ω)
Progressing by one
revolution in 8.85 years
Радифи Earth[lower-alpha 2][3]
Мушаххасоти физикӣ
Фишурдагии қутбӣ 0.0012[4]
Радиуси истивоӣ 1738.1 km  
(0.2725 of Earth's)
[4]
Радиуси қутбӣ 1736.0 km  
(0.2731 of Earth's)
[4]
Радиуси миёна 1737.4 km  
(0.2727 of Earth's)
[1][4][5]
Давраи доираи бузург 10921 km  (equatorial)
Сатҳи болоӣ (S) 3.793×107 km2  
(0.074 of Earth's)
Ҳаҷм (V) 2.1958×1010 km3  
(0.020 of Earth's)[4]
Масса (m) 7.342×1022 kg  
(0.012300 of Earth's)[1][4]
[6]
Зичии миёна (ρ) 3.344 g/cm3[1][4]
0.606 × Earth
Ускорение свободного падения на экваторе (g) 1.62 m/s2  (0.1654 g)[4]
Вторая космическая скорость (v2) 2.38 km/s
Экваториальная скорость вращения 4.627 m/s
Период вращения (T) 27.321661 d  (synchronous)
Наклон оси
Прямое восхождение северного полюса (α)
  • 17h 47m 26s
  • 266.86°[8]
Склонение северного полюса (δ) 65.64°[8]
Альбедо 0.136[9]
Видимая звёздная величина
Угловой диаметр 29.3 to 34.1 arcminutes[4][lower-alpha 4]
Дамо
 
мин. сред. макс.
Equator
100 K 220 K 390 K
85°N 
150 K 230 K[10]
Атмосфера[11]
Атмосферное давление
Состав:
Иттилоот дар Викидода
Ҳаракти моҳ
Моҳтоб

Моҳ (форсӣ: ماه‎ > порсии миёна: māh > порсии бостон: *māh(a)- > ҳиндуурупоӣ: *mēs-) — ягона ҳамрадифи табиии Замин аст, ки бар асари тобиши нури Хуршед медурахшад ва дар ҳар 29,5 шабонарӯз як бор ба гирди Замин мегардад. Аломати астрономиаш ё худ ☾.

Моҳ пас аз Офтоб дуюмин ҷирми бонури осмонист, ки дар Замин метобад ва яке аз ҳамрадифҳои калонтарини системаи офтобӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин ягона объекти ғайризаминист, ки ба он пои инсон расидааст. Масофаи миёнаи байни марказҳои Замин ва Моҳ — 384 467 км мебошад.

Моҳ дар атрофи Замин ба ҳисоби миёна бо суръати 1,22 км сония муқобили самти гашти ақрабаки соат ҳаракат мекунад. Масофаи байни Замину Моҳ қариб ба 385 ҳазор км баробар аст. Шакли Моҳ лунда буда, паҳниаш 1737 км мебошад. Вазни Моҳ аз вазни Замин 81,3 маротиба камтар аст. Сатҳи Моҳ обу ҳаво надорад. Ана барои ҳамин, дар Моҳ ягон нишонаи ҳаёт нест. Моҳ аз рӯи мадори худ ҳаракат карда, дар муддати 30 шабонарӯзи мо аз байни Офтобу Замин як маротиба мегузарад. Дар ин вақт Моҳ нав мешаваду пас аз ду рӯз дар қисми ғарбии осмон дар шакли дос ё карчи харбуза (хатти нимдоира) аз нав намудор мешавад. Моҳтоб аз худ нур намебарорад, лекин шабона барои он ба назари мо равшан менамояд, ки нурҳои Офтоб ба сатҳи Моҳтоб расида, акс мешаванд. Моҳтоб дар гирди меҳвари худ давр мезанад. Бинобар ин, дар он ҷо ҳам мисли Замин шабу рӯз мешавад. Азбаски Моҳтоб назар ба Замин сусттар давр мезанад, як шабонарӯзи Моҳ ба 29,2 шабонарузи Замин баробар аст. Аз ин ҷиҳат, як рӯзи Моҳ ба ду ҳафтаи мо баробар аст. Як шабонарӯзи Моҳ ба 720 соат баробар аст.

Ба воситаи телескоп кӯҳу чуқуриҳои сатҳи Моҳро дидан мумкин аст. Аз Замин истода, фақат як тарафи Моҳро мебинем. Кайҳоннавардон ба Моҳ рафта, дар истгоҳҳои худкор мушоҳида гузарониданду намунаи ҷинсҳои сатҳи онро оварда омӯхтанд. Соли 1957 гахустин моҳвораро партоб карданд.Акнун дар атрофи Замин бисёр моҳвораҳо мегарданд, ки аз Замин дар масофаҳои гуногун ҳаракат мекунанд. Ин ҳамсафарҳо гирди Заминро гашта, аз он ҷо маълумоте мефиристанд, ки барои пешгӯии обу ҳаво, намоиш додани барномаҳои телевизионй, инчунин бо мақсади ҳарбӣ ва ғайраҳо заруранд.

Моҳ панҷумин қамари табиъии бузург дар сомонаи хуршедӣ дар миёни 173 қамари мавҷуд дар ин сомона аст. Қутри Моҳ ҳудуди 3 500 километр аст. Ҷавв ё атмосфера надорад ва дар паҳнаи он даҳонаҳои бархурдӣ дар паи бархӯрди сангҳои осмонӣ падид омадааст.

Кураи Моҳ чаҳордаҳумин ҷисм дар сомона хуршедӣ бар пояи ҷирм ва ҳаҷм мебошад. Қутри кураи Моҳ якчаҳоруми кураи Замин аст ва ҳеч сайёраи дигаре дар сомонаи хуршедӣ, нисбат ба андозаи худ, давргарде ба ин бузурге надорад[12]. Чиголии Моҳ чаҳорпанҷуми чиголии Замин аст.

Инсонҳо аз қадим аз кураи Моҳ ва чархиши муназзами он барои гоҳшуморӣ, бавежа дар кишоварзӣ, баҳра мегирифтанд. Мусофирон ва дарёнавардон низ аз нур ва ҳузури Моҳ барои ҷиҳатёбӣ ва новбарӣ истифода мекарданд; Моҳ ҳамчунин дар устураҳои ақвом ҳузури зиёде дошта ва дар бархе фарҳангҳо ҳатто онро чун эзад парастиш мекардаанд. Гирониши (ҷозибаи) Моҳ боиси ба вуҷуд омадан ҷазру мадди обҳои кураи Замин мешавад. Гирониши кураи Моҳ ҳамчунин боиси босубот мондани меҳвари гардиши Замин ба даври худ мешавад, ки дар сурати адами вуҷуди Моҳ, инҳирофи меҳварии Замин мураттабан тағйир мекард ва ин амр боиси ошуфта шудани обуҳаво ва фаслҳо дар Замин мешуд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи W06 ворид нашудааст
  2. 2.0 2.1 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Lang2011 ворид нашудааст
  3. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Morais2002 ворид нашудааст
  4. 4.00 4.01 4.02 4.03 4.04 4.05 4.06 4.07 4.08 4.09 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи NSSDC ворид нашудааст
  5. (1 January 1997) «Topography of the Moon from the Clementine lidar». Journal of Geophysical Research 102 (E1). doi:10.1029/96JE02940. Bibcode1997JGR...102.1591S.
  6. Terry, 2013, p. 226.
  7. Makemson, Maud W. (1971); "Determination of Selenographic Positions", in The Moon, volume 2, issue 3, pp. 293-308, doi:10.1007/BF00561882, BibCode: 1971Moon....2..293M
  8. 8.0 8.1 (2010) «Report of the IAU Working Group on Cartographic Coordinates and Rotational Elements: 2009». Celestial Mechanics and Dynamical Astronomy 109 (2): 101–135. doi:10.1007/s10569-010-9320-4. Bibcode2011CeMDA.109..101A. Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016  сол.
  9. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Saari ворид нашудааст
  10. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Vasavada1999 ворид нашудааст
  11. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи L06 ворид нашудааст
  12. The Universe (season 1) - History Channel дар YouTube. A look at the formation of the Moon. 2007


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "lower-alpha", but no corresponding <references group="lower-alpha"/> tag was found