Муборакшо Мирзошоев

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мирзошоев Муборакшо Абдулваҳҳобович
Муборакшо Мирзошоев
Зодрӯз 19.08.1961
ноҳияи Рӯшон ВМКБ Тоҷикистон
Даргузашт 08.02.2000, Душанбе
Пеша Овозхон

Муборакшо Мирзошоев  (расман: Мирзошоев Муборакшо Абдулваҳҳобович, 19 августи 1961, деҳаи Емц, ноҳияи Рӯшон ВМКБ Тоҷикистон8 феврали 2000, Душанбе) — яке аз номдортарин навозандагон, овозхонон ва оҳангсозони тоҷик аст.

Зиндагинома [вироиш]

Муборакшо Мирзошоев 19 августи 1961 дар деҳаи Емци ноҳияи Рӯшони ВМКБ Тоҷикистон зода шуда аст. Кӯдакӣ ва наврасияш дар ҳамон русто сипарӣ шуда ва таҳсилотро низ ҳамон ҷо фаро гирифта буд.

Муборакшо нахустин сурудашро дар 14-солагӣ офарид ки «Чор ҷавон» ном дошт ва дар оянда яке аз шинохташудатарин ва мардумписандтарин сурудҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои пешини шӯравӣ шуд.

Вай солҳои 1984 то 1987 донишҷӯи Омӯзишгоҳ ҳавопаймоиву халабонии Ленинград буд, вале чун ҳунардӯст буд, донишомӯзиро канор гузошт ва ҳунарро пеша кард ва дил ба дарёи мусиқӣ зад. Ҳунарнамоии Муборакшо ё Миша, чунон ки дӯстону дӯстдорони ҳунараш меномидандаш, соли 1988 бо гурӯҳи Далер Назар оғоз шуд. Аз ҳамон замон буд ки сурудҳои дилангезаш шаҳрошӯбу мардумписанд шуданд. Ӯ сурудҳои ғамгине месуруд ки ҳар дили ғамдидаву дардошноро хуш меомаданд. Муборакшо ҳунарпешаву овозхони воқеан мардумӣ буд ки аз синаи мардуми тоҷик бархоста ва дар дилу дидааш ҷо шуда буд. Оҳангу сурудҳояш тоҷиконро дар замоне ки даст ба гиребони ҳам буданду сипас дар чорсӯи ҷаҳон парешону пароканда шуданд, ҳамдилу ҳамандеш мекард.

Ҳамсару фарзандон барояш азизтарин касон дар ҷаҳон буданд ва мусиқиву оҳангсозиву шеъру таронаро бисёр дӯст медошт. Муборакшо футболдӯст ва мухлиси дастаи «Помир» буд.

Муборакшо бо бисёре аз ҳунарпешаҳо ва овозхонони Русия низ ошно буд, аз он ҷумла бо дастаҳои «А-Студио», «Звуки Му», «Аквариум» ошноӣ дошт ва борҳо дар Маскав консерт баргузор карда буд. Бисёре аз овозхонони русӣ кавер-гунаҳое бар сурудҳояш офаридаанд.

Муборакшоро дар баробари Далер Назар яке аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик шинохтаанд.

Муборакшо 8 феврали соли 2000 дар авҷи ҷавониву номдорӣ аз дунё даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

Пайвандҳо [вироиш]

Категория:Певцы и певицы Таджикистана Категория:Музыканты по алфавиту Шаблон:Music-bio-stub Шаблон:Нет ссылок