Муин

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.

Муин аз машҳуртарин сарояндагони эронии ҳамаи давру замонҳои Эрон мебошад. Сурудҳои ӯро дар Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбакистон, мамолики арабу Туркия ва Амрикову Аврупо гӯш мекунанд.

Даврони наврасӣ ва ҷавонӣ[вироиш]

Муин соли 1951 дар маҳаллаи Наҷафободи шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст. Исфаҳонро он замон шаҳри ҳунармандону санъаткорон мешинохтанд. Муин зодгоҳашро хеле дӯст медошт. Замоне, ки Теҳрон маркази санъату ҳунар гардид Муин ба он ҷо нарафт ӯ дар Исфаҳон – дар меҳонхонаи «Шоҳ Аббос» ҳунарнамоӣ мекард, то даме ки бо сабабҳои сиёсӣ тарки ватан гуфт. Дар бораи муҳаббати беандозаи Муин ба зодгоҳаш мо аз рӯи чӣ гуна пурсӯзу гудоз иҷро намудани суруди машҳури «Бозам михом ба Исфаҳон баргардам» андеша рондан метавонем.

Роҳи санъат[вироиш]

Муин соли 1982 баъд аз сурудани суруди «Якеро дӯст медорам» аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират кардааст. Дар яке аз мусоҳибаҳо ӯ иброз доштааст, ки ин сурудро пас аз Ҳоида (сарояндаи машҳури он замон) сурудааст. Вале Муин ин сурудро ба таври худ сурудааст ва маҳз он ба ӯ шӯҳрат овардааст. Дар солҳои минбаъда албомҳои Муин аз сабаби ошкорбаёнияшон (ки дар Эрон мамнӯъ буд) ва дар мавзӯи муҳоҷирату ғарибӣ буданашон диққати муҳоҷирини эрониро бештар ба худ ҷалб карданд. Албомҳои «Каъба», «Ҳавас», «Исфаҳон», «Мепарастам», «Париче» пазирои ҳамагон гардиданд. Тарзи сурудани Муин чунон марғуб буд, ки сурудаҳояш натанҳо дар Эрон, балки дар Аврупову Амрико, ки аз муҳоҷирони эронӣ пур шуда буданд, машҳур гардиданд. Мисли пештара, мавзӯи асосии

Ҳоли ҳозир[вироиш]

Дар айни замон Муин 23 албом ва як суруди берун аз албомҳояшро (суруди «Танини сулҳ» бо ҳамроҳии Муртазо, Андӣ, Куруш ва Фаттона) пешниҳоди мухлисонаш гардонидааст.

Албомҳои Муин[вироиш]

  • Ба ту гуфтам,нагуфтам (2007)
  • Лаҳзаҳо (2002)
  • Парвоз (2000)
  • Муаммо (1998)
  • Дар консерт (1998)
  • Панҷара (1997)
  • Гулҳои ғурбат
  • Мусофир (1995)
  • Таваллуди ишқ (1994)
  • Намоз (1992)
  • Хотираҳо7 бо ҳамроҳии Шоҳрӯи Солотӣ (1992)
  • Субҳат ба хайр азизам
  • Париче (1992)
  • Бе ту меандешам (1990)
  • Исфаҳон (1990)
  • Ошиқтар аз манн чӣ касе (1989)
  • Бибигул (1988)
  • Каъба (1988)
  • Сафар бо Ҳоида
  • Орзу (1987)
  • Якеро дӯст медорам (1986)
  • Ҳавас (1985)

Пайвандҳои беруна[вироиш]