Мурургар

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Мурургар ё мурургари интернетӣ ба нармафзорҳои корбурди гуфта мешавад, ки барои дарёфт, намоиш ва мурури иттилоот аз веби ҷаҳонгустар мавриди истифода қарор мегирад. Ё манбаъи иттилоот бо як шиносогари якнавохти манбаъ шинохта мешавад. Ин манбаъ метавонад як саҳифаи веб, тасвир, видео ва ё ҳар қитъаи иттилооти дигаре бошад.

Ҳар ҷанд мурургарҳо барои дастрасӣ ба веби ҷаҳонгустар тарроҳи шудаанд, аммо аз онҳо метавон барои дастрасӣ ба иттилооти серверҳои веб дар шабакаҳои хусусӣ ва ё парвандаҳои дар системҳои парванда истифода кард. Мурургарҳо метавонад шуморо ба фазои маҷозӣ мутасил кунанд. Агар шумо бихоҳед аз ҳар гушаи гетӣ ба фазои интернетӣ даст ёбед ба як мурургари веб хуб ва корбурдӣ доред[1].

Мурургарҳо (Браузерҳо)[вироиш]

Барои аз назар гузаронидани HTML –ҳуҷҷатҳо таъминоти барномавии махсус лозим аст Барномаҳое, ки тавассути онҳо Web – саҳифаҳо хонда мешаванд, браузер (аз англисӣ browse – вараќ задан, дидан, хондан) номида мешаванд.
Веб-браузер – барномаи амалие мебошад, ки муҳтавои (мундариҷаи) файлҳои аз компютерҳои локалӣ ва дур бадастомадаро мутобиќ ба дастурамалҳои мавҷудаи ин файл намоиш медиҳад. Браузер (мурургар, воќеанигор) ҳамчун барномаи мизоҷи барои расонидани дархостҳо ба веб-сервери HTTP – протокол мебошад.
Сараввал браузерҳо барои муоинаи ҳуҷҷатҳо аз Web-серверҳо истифода карда мешуданд, аммо раќобати байни истеҳсолкунандагони таъминоти барномавӣ ба пайдо шудани имкониятҳои иловагӣ оварда расонид. Дар натиҷа дар браузерҳои муосир замимаҳои имконнок барои дастрасии Интернет гирд оварда шудаанд.

Браузерҳои маъруфтарин[вироиш]

Саҳми истифода аз мурургарҳои веб, дар августи соли 2011 мелодӣ

Мурургарҳо (Браузерҳо). Дар замони ҳозир мурургарҳои зиёди Internet мавҷуданд, ки аз рўи тавсифот ба якдигар хеле монанд мебошанд. Мисоли онҳо барнома – мурургари Microsoft Internet Explorer, Netscape Nаvigator, Opera, Mozilla Firefox, Chrome, Safari, NCSA Mosaic ва ғайраҳо буда метавонанд.
Аз байни ин мурургарҳo ду мурургари ба якдигар хеле рақиб – Internet Explorer – и ва ширкати Microsoft ва Netscape Nаvigator – и ширкати Netscape машҳур мебошанд. Ҳар ду бо хизматҳои гуногуни Internet, аз ҷумла HTTP, FTP, барномаҳои мутолиаи иттилоот, почтаи электронӣ, протоколҳои нисбатан кўҳна ба мисли Telnet ва Gopher мувофиќат менамоянд.
Барномаи мурургари Internet Explorer. Барномаи мурургари Microsoft Internet Explorer ба маҷмуаи бастаи барномаҳои стандартии системаи амалиётии Windows 98 (ва болотар) шомил мебошад ва ќариб аз тамоми умури хадамотии шабакаи Интернет пуштибонӣ мекунад.
Барои он, ки бо воситаи браузер ба сервере, ки IP-суроға дорад, муроҷиат намоед, номи домении пурраи ин серверро ворид кардан лозим аст. Агар ба браузер IP-суроғаи ягон номи домениро муайян кардан лозим бошад, он ба сервери асосии (решавии) номҳо васл мегардад ва баъди оне, ки сервер ба ў суроғаро хабар медиҳад, пайвандшавӣ сурат мегирад.


Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Аз Википедиаи Форсӣ http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B1%D9%88%D8%B1%DA%AF%D8%B1_%D9%88%D8%A8