Jump to content

Мусиқии бачагона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мусиқии бачагона — навъи санъати мусиқист, ки барои шунидан ё иҷро намудани бачагон муқаррар гардидааст.

Дар эҷоди мусиқӣ барои мактаббачагон (гурӯҳи хурд ва миёна), ба томактабӣ-инкишофи қувваи ҳофиза, сину сол, тараққии маданият, дараҷаи заковат, ақл, фаросати кӯдакону наврасон ба эътибор гирифта мешавад. Дар асарҳои вокалӣ – диапазони овоз, хислати хосу садобарорӣ, тайёрии хорсароӣ, дар пиесаҳои созӣ – дараҷаи мураккабии техникӣ дар мадди назари муаллифон мебошад. Намунаҳои беҳтарини мусиқии бачагонаро бисёр композиторони барҷаста – Чайковский (маҷмӯаи сурудҳои бачагона «Албоми бачагон» барои фортепиано), Шуман (пиесаҳои фортепианӣ «Албом барои наврасон»; сурудҳо, хорҳо), Брамс («Сурудҳои халқии бачагона »), Лядов («Сурудҳои бачагона» ба шеърҳои халқӣ), Б. Барток («Барои бачагон» барои фортепиано, 4 дафтар), Прокофев (афсонаи симфонӣ «Петя ва Гург», сюитаи «Гулхани зимистонӣ» барои ровӣ, хори бачагона ва оркестр) ва ғ. Барои бачагон опера навишта шудааст («Тоқисурхак», «Гензел ва Гретел», «Морозко» ва ғайра). Жанри сурудҳои бачагона дар эҷодиёти бисёр композиторони шӯравӣ васеъ инкишоф ёфтаанд. Барои бачагон Д. Кабалевский асарҳои гуногун эҷод намудааст. Дар байни композиторони Ғарб К. Орф бо эҷодиёташ ва фаъолияти педагогиаш дар соҳаи мусиқии бачагона фарқ карда меистад, ӯ муаллифи маҷмӯаи 5-ҷилдаи «Мусиқӣ барои бачагон» («Шулверк») ва маҷмӯаи «Мусиқӣ барои ҷавонон» (ҳар ду нашр якҷоя бо Г. Кетман). Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрҳои бачагона, ба кинофилмҳои бачагона ва радиокомпозитсияҳо ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ба Мусиқии бачагона ҳамчунин асарҳои педагогӣ – дастурамалӣ барои фортепиано ва дигар созҳои мусиқӣ дохил мешаванд. Соли 1965 дар Москва Театри давлатии мусиқии бачагона таъсис ёфт, ки он дар дунё ягона аст. Ба шунавандагон, алалхусус синну соли болоӣ асарҳои мусиқии классикӣ ва ҳозиразамон, ки маъруфият доранд, бисёранд. Дар ин самт, балети «Шелкуншик»-и Чайковский, силсилаи сурудҳои «Бачагона»-и Мусоргский, силсилаи фортепианӣ «Саҳнаҳои бачагона»-и Шуман, силсилаи фортепианӣ иборат аз 12 пиеса бо номи «Бозиҳои бачагона» (барои 4 даст)-и Бизе, маҷмӯаи фортепианӣ «Гӯшаи бачагон»-и Дебюссӣ мисол шуда метавонанд.[1]

Жанри мусиқии бачагона дар санъати мусиқии муосири тоҷик, дар эҷодиёти композиторони Тоҷикистон низ мавқеи босазо дорад, ки Оратория барои хори бачагона, яккахон ва оркестри симфонӣ ва «Наврӯзи Душанбе» барои хори бачагонаи Хайрулло Абдуллоев, «Гурба ва муш» (Матни У. Зоконӣ) – сюита барои оркестри калони симфонӣ ва ровӣ (1970) ва «Мо бачагони хушбахтем» – кантата барои хори бачагона ва оркестр (1980)-и Миратулло Атоев, «Албом барои Зӯҳра» (18 пиесаи бачагона барои фортепиано, 1979), «Дили ман» (М. Лоҳутӣ) барои хори бачагона (1971) ва «Чор суруди бачагона» барои овоз, хори бачагона ва оркестри эстрадӣ (1985)-и Ф. Баҳор, «Хонаи Заргӯшбибӣ» –операи бачагона (1978) ва «Лаклак» – силсилаи сурудҳои бачагона (1988)-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Албоми бачагона» барои фортепиано (24 пиеса, 1985)-и Л. Латифзода, силсилаи хорҳои бачагона (1961)-и А. Ленский, «Албоми бачагона» барои фортепиано (1983)-и Я. Сабзанов, «Албоми бачагона» барои фортепиано (1970)-и Ш. Сайфиддинов, силсилаи пиесаҳои бачагона барои фортепиано (1996-97)-и Л. Толис ва А. Мусоев – операи бачагона «Афсонаи ҷангалӣ» (2008) намунаҳои беҳтарини мусиқии бачагона мебошанд.

Дар инкишофи санъати мусиқии касбӣ барои наврасон, мутахассисони соҳа низ корҳои назаррасро ба субот расонидаанд. Китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимии зиёде барои тарбияи насли наврас навишта шудаанд: «Диктантҳои мусиқӣ», «Солфеҷо», «Назарияи ибтидоии мусиқӣ»-и Ҷ. Охунов (1975, 1980, 1986), «Суруд ва мусиқӣ»-и Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Н. Рогалский (1959), «Суруди бачаҳо» (Мураттиб Я. Сабзанов, 1977), Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб» (1969, 1982, 2018), Ҳ. Ҷумъаев, Ҷ. Охунов, «Дарси ғижак» (1982), Ҷ. Обидпур ва Ш. Шарофов, «Мактаби омӯзиши чанг» (2010), китобҳои дарсии «Суруд ва мусиқӣ» барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ: Ҷ. Обидпур (синфҳои I-2008, 2015, 2018; IV-2007, 2014, 2018), С. Гулназар (синфи III-2007, 2014, 2018); Ш. Шарипов (синфи V-2008, 2014); Карим Ҳалимов (синфи VI-2008, 2015). Ҷ. Обидпур – маҷмӯаҳои сурудҳои бачагонаи синни томактабӣ: «Боғчаи мо» (30 суруд, 2007), «Шодии дил» (23 суруд, 2010); бачагона: «Ману тарона» (12-яккахонӣ, 6-хорхонӣ, 2005) ва ғ. Инчунин композиторон З. Шаҳидӣ, А. Ҳамдамов, С. Ҳамроев, Ш. Пулодӣ, А. Камолов, З. Миршакар, Ҷ. Рустамова, Ш. Бобокалонов, М. Ҳасанова барои кӯдакону наврасон асарҳои мусиқии ҳархела эҷод намудаанд.[2]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 240-242 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 240-242. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)