НБО Сангтӯда-1

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш сохта шудааст. НБО Сангтӯда-1 - иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. кВт-соат дар як сол аст.

Таърих[вироиш]

Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони нерӯгоҳҳои баркии обии Сангтӯда-1 ва Роғунгардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) намудааст.

Сохтмони НБО Сангтӯда-1 соли 2004 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 2008, охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст. НБО Сангтӯда-1 соли 2009 пурра ба истифода дода шудааст.

Пайвандхои беруна[вироиш]