НБО Сангтӯда-2

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 поёнтар аз НБО Сангтӯда-1 ҷойгир шуда, бо он дар якҷоягӣ амал мекунад ва он имконияти танзими ҳаракати обро (дарёи Вахш) дар давоми шабонарӯз медиҳад. Иқтидори 4 агрегати НБО Сангтӯда-2 - 220 МВт мебошад.

Таърих[вироиш]

20 феврали соли 2006 маросими сохтмони Нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 оғоз гардид. Хароҷоти умумии сохтмон 220 млн. доллари ИМА буда, 180 млн. доллари онро Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ўҳда гирифтааст, 40 млн. доллари дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъди ба истифода додани НБО Сангтӯда-2, ки соли 2012 дар назар дошта шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон барқи НБО Сангтӯда-2 - ро 12,5 сол истифода мебарад (методи «Биоти»). Баъди он НБО Сангтўда – 2 пурра ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

НБО Сангтӯда-2, бинобар мушкилоти сотмон соли 2013 ба истифода супорида мешавад.