Намоз Ҳотамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намоз Ҳотамов
Намоз Босарович Ҳотамов
Намоз Ҳотамов
Намоз Ҳотамов
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1946(1946-09-01) (77 сол)
Зодгоҳ вилояти Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо медали «Барои шуҷоати ҳарбӣ. Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И. Ленин», нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003)
 Парвандаҳо дар Викианбор
профессор Намоз Ҳотамов

Намоз Ҳотамоволим, муаррих, доктори илмҳои таърих (1991), профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Намоз Ҳотамов, зодаи деҳаи Шоботии ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро. Соли 1962 мактаби миёнаи тоҷикиро хатм намудааст. Соли 1967 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1971 баъд аз хатми аспирантураи ДДТ ба кори омӯзгории кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон даъват карда шуд. Солҳои 1971 - 1980 ба сифати ассистент, устоди калон ва дотсент дар кафедра фаъолият намуд. Аз соли 1980 ба сифати ходими калони илмӣ ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҶТ ба кор гузашт ва то соли 1995 ба сифати ходими калони илмӣ ва сарходими шуъбаи таърихи навини пажуҳишгоҳ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 дар вазифаи профессор сипас, солҳои 20012013 ба ҳайси профессори кафедраи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ш. Душанбе фаъолияти омӯзгориашро давом медиҳад. Намоз Ҳотамов аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои доктории назди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аъзои шӯърои миллии таҳсилоти назди Вазорати Маориф ва эксперти ВАК-и Федератсияи Русия мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Намоз Ҳотамов соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда 300 асару мақолаҳои илмӣ, аз чумла монография, 4 китоби дарсӣ, 5 воситаҳои таълимӣ ва дастури методӣ мебошад. Масалан, китобҳои ӯ «Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро» (монография, бо забони русӣ, 1997, бо забони тоҷикӣ, соли 2022), «Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Осиёи Миёна (то охири асри Х1Х – то соли 1917)», «Таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар Осиёи Миёна (аз с. 60-уми асри Х1Х то с. 1917) (бо забони русӣ, 1914), китоби дарсӣ барои донишҷӯён – «Таърихи халқи тоҷик» (бо ҳаммуалифон (с. 2011, 2013, 2018), китоби дарси «Таърихи халқи тоҷик барои синфи 9 ва муаллифи бобҳои ҷилди 4,5,6 китоби "Таърихи халқи тоҷик"-и (русӣ История таджикского народа, 6 томов. Душанбе,1998 - 2011) Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳоло ӯ яке аз муаллифони маҷмӯаи илмии бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (ба забони тоҷикӣ), иборат аз 12 ҷилд мебошад. [1]Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи докторӣ, се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Дар конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Инъикоси Револютсияи Халқии Советии Бухоро дар асарҳои Садриддин Айнӣ. - Душанбе, «Дониш», 1980. 200 с.;
  • Роль банковского капитала в социально-экономическом развитии Средней Азии (начало 90-х гг. XIX в - 1917 г.) (Ответ редак. - докт. ист. наук А.П. Корелин) - Душанбе «Дониш», 1990. 320 с. (ба забони русӣ);
  • Свержение эмирского режима в Бухаре. -Душанбе, «Дониш», 1997. 348 с. (ба забони русӣ);
  • Бухарские джадиды и основные этапы их деятельности - Душанбе, 2000. 57 с. (ба забони русӣ);
  • Таърихи халқи тоҷик (Аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924).Китоби дарсӣ барои донишҷӯён – Душанбе, 2001, 2007 360 с.;
  • Из истории банков и предпринимательства в Центральной Азии. (Учебное пособие для студентов - заочников экономических факультетов). (Бо ҳаммуаллифии С Майдонова, Г. Хасанова). - Душанбе, 2002. 122 с. ( ба забони русӣ);
  • История таджикского народа. Т.V. Новейщая история (1917-1941 гг). Душанбе, 2004. 752 стр. (Ҳиссаи Н.Б. Ҳотамов 175 саҳ., аз ҷумла: Гл. I § 2 (с. 64-85), § 4 (с. 109-124): Гл. II (с. 125-183) (бо ҳаммуаллифии Т.Р. Каримов) Гл. III (с. 184-264) (боби пурра) Гл. IV § 2 (284-310);
  • Таърихи халқи тоҷик Китоби дарсӣ барои синфи 9.– Душанбе, 2005, 2013, 2015, 304 с., 368 с.;
  • Из истории первых промышленных предприятий в Средней Азии (Фабрично - заводские предприятия Средней Азии в колониальный период). Под общ. редак. Ҳ.У. Умарова - Душанбе, 2005. 83 с. (ба забони русӣ);
  • Социально – экономические преобразования Республики Таджикистан в период суверенитета (1991-2006 гг.).– Душанбе, 2008. – 268 с (бо забони русӣ);
  • Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (солҳои 1941-1950). - Душанбе, 2010. 80 с.
  • Таърихи халқи тоҷик. (Китоби дарсӣ барои ихтисосҳои ғайритаърихи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Иборат аз 2 қисм. – Душанбе, 2011, 644 с. (ҳаммуаллифи китоб Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М.);
  • Социально - экономические преоброзавание в Республики Таджикистан в период суверенитета (1991-2010гг). // История Таджикского народа. Т. VI. (1941-2010гг). - Душанбе, 2011. С. 488-574.
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 9-ум муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 2 (бо тағйиру иловаҳо) Вазорати Маорифи ҶТ тавсия кардааст.- Душанбе, 2013. 304 с.
  • История таджикского народа. Учебник для 9-го класса. – Душанбе, «Маориф», 2014. 272 с.
  • История банков и предпринимательство в Средней Азии (60-е годы XIX в. – 1917 г.)- Душанбе, «Эр-граф», 2014. 532 с.
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои ихтисосҳои ғайритаърихи мактабҳои олии ҶТ. Иборат аз 2 қисм. Нашри 2-юм. Бо илова, ислоҳот ва тавзеҳот. – Душанбе, «Эр-граф» 2015. 544с. (ҳаммуаллифи китоб Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М.);
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 9. Нашри 3-юм. Бо илова ва ислоҳотҳо. -Душанбе, «Ганҷ». 2015. 340с.
  • Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991-2016) // «Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол». – Душанбе, 2016. – С. 127-228. (Монографияи коллективӣ).
  • Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (солҳои 1941-1950). Нашри 2-юм, бо иловаҳо ва ислоҳотҳо. – Душанбе, 2017. – 103 с.
  • Свержение эмирского режима в Бухаре. Второе издание, с исправлением и дополнением. - Душанбе, 2018. 340 с.
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои донишҷӯён. Нашри 3-юм. Бо иловаҳо. -Душанбе, 2019. 650 с. (ҳаммуаллифи китоб Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М.);
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфҳои 9-уми Мактаби таҳсилоти умумӣ. Нашри 4-ум, бо ислоҳот ва иловаҳо. –Душанбе, 2022. 304 с.
  • Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро. -Душанбе,«Дониш». 2022. 418 с.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Намоз Басарович(тоҷ.). www.institute-history.tj (2020). 15 августи 2023 санҷида шуд.
  2. Ҳотамов Намоз Басарович(тоҷ.). www.institute-history.tj (2020). 15 августи 2023 санҷида шуд.