Нахлии Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахлӣ аз шоирони намоёни лирики аввали садаи XVII тоҷик мебошад. Такрибан байни солҳои 1581- 86 дар Бухоро таваллуд шуда, тақрибан миёни солҳои 1645-50 дар Балх вафот кардааст. Шоири тоҷик бо тахаллуси «Кирмони» хам шеър гуфтааст. Дар зодгоҳаш хату савод баровард. Чанд муддат дар мадраса таҳсил карда, аз илмҳои расмии замон баҳраманд гардид. Аз ҷавони ба шеъргуи пардохтааст. Нисори дар «Музаккирулахбоб» хабар медихад, ки «Мавлоно Нахли сурати хуб ва сирати маргуб дорад. Суханонаш дилкашу махбуб арбоби кулуб аст». У ғазалро ҳамчун намунаи ашъори Нахли низ оварда аст. Мутриби хам Нахлиро ҳамчун шоири номи ёд мекунад. Шӯҳрати Нахли уро ба дарбори Имомкулихон кашид. Дар дарбор хам зиндагии Нахли якмаром намегузарад. Авомфиребии ахли чох, фиску фучур, бекадрии сухан ва ғайра боиси он мегардад, ки Нахли дарборро тарк намояд. Нахли шоири сохибдевон буда, ғазал, қасида, рубои, қитъа, маснавии таркибанд ва ғайраро сурудааст. Махсусан дар ғазалсарои мумтоз будааст. Шикоят аз замона, тараннуми ишқи пок, панду хикмат ва ғайра аз мавзӯъҳои ашъори ӯ мебошанд.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғарқи хун созад таманнои ту доғи синаро, Ҳалқа бар гӯш афканад акси лабат оинаро. Васл агар набвад маро савдои зулфе хам бас аст, Тифли мактаб ин медонад шаби одинаро. Дарди ӯ дар пардаҳои дида пинҳон сохтам В-аз саводи дида кардам муҳр ин ганҷинаро. Нахлӣ, аз меҳре, ки худ бо дӯст дорӣ, дам мазан, Тарсам, аз меҳри ту рашк огоҳ созад кинаро.

Баски ҳаҷри ту кашад танг дар оғӯш маро, Ҳасрати мурдани ҳар кас барад аз ҳуш маро. Меҳр мегӯяму ҷон меканаму мегирям, Модари толеъи ман карда фаромӯш маро. Мурғи печида ба домам, зи аҷал бокам нест, Ки ғам аз давлати худ карда зиреҳпӯш маро. Нахлӣ, ар ҷилваи ширинии дунё ин аст, Неш сад мартаба беҳтар бувад аз нӯш маро!

Лаби яъсам, фиғонамро асар нест, Чӣ сон гирям, ки хунам дар ҷигар нест. Агар лаззатпарастӣ, доғ шав, доғ, Ба чоки ҷайб нозидан ҳунар нест. Тараннумҳои булбул дилпазир аст, Чаманафрӯзии гул муътабар нест. Миёни чашму абрӯи ману ёр, Ишоратҳост, мижгонро хабар нест. Ту дурӣ аз муҳаббат, варна, Нахлӣ, Матое аз муҳаббат бештар нест.

Боз доғи синаам аз ғам гулафшон гаштааст, Қатраи ашкам зи ҳаҷри дӯст тӯфон гаштааст, Шуълаафрӯзи замин хуршеди оламтоб нест, Кавкаби бахтам ба хоки тира яксон гаштааст. Рӯзгор ошуфтасозу осмон душманнавоз, З-ин парешонулфатон табъам парешон гаштааст. Гулбуни айшам зи боғи орзу нашкуфтааст, Ғунчаҳои доғи ҳасрат боз хандон гаштааст. Бесару барг аст, Нахлӣ, аз ҷунуни ишқ, ҳой, То дили ғамдидааш расвои хубон гаштааст.