Нақби автомобилгарди «Истиқлол»

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.

Нақшаи сохтумони нақби (тоннели Анзоб) автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе - Хуҷанд) дар даврони шӯравӣ кашида шуда буд. Солҳои 1982 – 1991 ҳамагӣ 317 метри тоннел канда шуда буд.

Роҳи автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе - Хуҷанд) дар масофаи 80 км дуртар аз Душанбе дар баландии 3372 метр қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Мушкилии фасли зимистон намегузошт,ки (5 - 6 моҳ ағбаи Анзоб пушида буд) мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд.

Сохтмони нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» соли 1998 бо кўмаки молиявии Эрон сар шуд.

Дарозии нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» 5040 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони он аз ду ҷониб - шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст.

Нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» имконият фороҳам овард,ки равобити байни вилояти Суғд бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.