Нерӯгоҳи барқи обии Норак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нерӯгоҳи барқии обии Норак)
Нерӯгоҳи барқи обии Норак
Кишвар  Тоҷикистон
Дарё Вахш
Силсиланерӯгоҳ Вахш
Молик ҶСП «НБО Норак»
Вазъ амалкунанда
Соли оғози сохтмон 1961
Соли бакордарории агрегатҳо 1972-1979
Мушаххасоти асосӣ
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с 11,2 млрд.кВт.с[1]
Навъи нерӯгоҳи барқӣ саддӣ
Фишори ҳисобӣ, м 223[2]
Тавоноии барқӣ, МВт 3 000
Тавсифоти таҷҳизот
Навъи турбина радиально-осевые
Шумора ва маркаи турбинаҳо 9 х РО 310-В-475 [2]
Хароҷот ба воситаи трубинаҳо, м³/с 9 х 150 [3]
Шумора ва маркаи генераторҳо 9 х
Тавоноии генераторҳо, МВт 9 x 305 [2]
Иншооти асосӣ
Навъи сарбанд каменно-набросная
Баландии сарбанд, м 300
Шлюз надорад
Дар харита
НБО Норак (Тоҷикистон)
Нуқтаи сурх
НБО Норак
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев
Бинои Нерӯгоҳи барқии обии Норак ва обанбор

Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Дар заминаи нерӯи барқе, ки дар ин нерӯгоҳ ва дигар нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Ширкати алюминийи тоҷик ва ғ. созмон ёфт.

Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт).

НБО-и Норак дар маркаи почта, соли 1974

Обанбори Норак[вироиш | вироиши манбаъ]

Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)ро дорост:

  • масоҳати обанбор – 98 км²;
  • дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
  • чуқурии миёна - 107 м;
  • фаррохӣ - 5 км;
  • ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3;
  • ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
  • баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
  • сатҳи максималии об – 910 м;
  • сатҳи минималии об - 857 м.

То 1 январи соли 2010 НБО Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак»[вироиш | вироиши манбаъ]

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.[4]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]