Jump to content

Николай Иванович Носков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Николай Иванович Носков
Николай Иванович Носков
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 12 январ 1956(1956-01-12) (68 сол)
Зодгоҳ ш. Гагарин вилояти Смоленск, Русия
Солҳои фаъолият 1981 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда ва композитори русия,мутриб
Навъи садо тенор ва баритон
Соз гитор, фортепиано, drum kit[d], трумпет, Барабан ва сози зарбӣ
Сабк глэм-рок[d], new wave[d], ҳорд-рок[d], art rock[d], progressive rock[d], поп-фолк[d], symphonic rock[d], glam metal[d], мусиқии поп, синтипоп[d], dance-rock[d], ритм энд блюз[d], blue-eyed soul[d], psychedelic rock[d], Романс, фолк-рок[d], traditional folk music[d], trip hop[d], funk[d], funk rock[d], роки олтернатив[d], electro[d] ва bard song[d]
Ҷоизаҳо
Merited Artist of the Russian Federation
Medal "For Strengthening of Brotherhood in Arms"
Golden Gramophone Award Prize of the Federal Security Service of Russia
nnoskov.ru(рус.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Николай Носков (12 январи 1956, ш. Гагарин, вилояти Смоленск, Русия) — мутриб, сарояндакомпозитор, дорандаи 4 ҷоизаи "Граммофони тилоӣ" 

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Николай Носков 12 январи соли 1956 дар шаҳри Гжатск (ҳоло Гагарин) вилояти Смоленск таваллуд шудааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ дар дастҳои ҳунарии ҳаваскор иштирок мекард. Дар 14 солагӣ аввалин мукофоташро ҳамчун беҳтарин сароянда дар озмун гирифтааст. Маълумоти касбии мусиқӣ надорад. Навохтани асбобҳои мусиқӣ дар фортепиано, гитара ва барабанро худомӯз ёд гирифтааст. Аз соли 1981 Носков дар ансамбли "Москва" ҳунарнамоӣ намуда, ки бо он дар соли 1982, таҳти роҳбарии оҳангсоз Давид Тухманов,  албоми сурудҳояшро бо номи "НЛO" дар  ширкати "Мелодия" сабт намудааст. Николай Носков дар ансамблҳои «Поющие сердца» ва «Ария» низ кор мекунад. Дар солҳои 1987-1993 Носков дар ансамбли (англ. "Gorky Park") ҳамчун сароянда (вокалист) ва оҳангсоз ҳунарнамоӣ кардааст.

Суруди Николай Носков «Bang» дар байни шунавандагони радиостансияҳои ИМА ва дар мамлакатҳои Скандинавия  ва Дания дар охири солҳои 1980-ум хеле машҳур гардида буд. Соли 1994 тавассути таъсис намудани гурӯҳи "Николай" албоми мусиқии (англ. "Mother Russia") ба забони англисӣ, сабт кардааст. Аз соли 1996 дар давоми чор сол ӯ бо продюсер Иосиф Пригожин ҳамкорӣ карда  боз мухлисони зиёдеро пайдо намудааст. Соли 2002 Носков Фонди хайрияи дастгирии мусиқии этникӣ (русӣ: «Дикий мёд»)-ро таъсис намуд.

Соли 2011 ӯ суруди "Оҳанг" (русӣ: «Мелодия»)-и  шоир Николай Добронравов ва композитори маъруф Александра Пахмутоваро дар озмуни телевизионии мусиқӣ иҷро кард ва ҷойи аввалро дар ин барнома гирифтааст. Дертар, бешитобкорӣ албоми навбатии ӯ бо номи «Оно того стоит» сабт шуд.[1]. Дар соли 2012 Носков  албоми "Бе ном" (русӣ: «Без названия»)ро  дар Олмон дар студияи Хорст Шнебел сабт кардааст. Асарҳои маъруфи мусиқии Николай Носков — (русӣ: «Дай мне шанс»), (русӣ: «Снег»), (русӣ: «Это здорово»), (русӣ: «Паранойя»), (русӣ: «Я тебя люблю»), (русӣ: «Я немодный»), (русӣ: «А на меньшее я не согласен»). 

Дискография

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ансамбли "Москва":

  • 1982 — Н. Л. О. (N. L. O.)

Гурӯҳи «Гран-при»:

  • 1988 — К теологии (ЕР)

Гурӯҳи Gorky Park:

Гурӯҳи "Николай":

Альбомҳои студиявӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1998 — русӣ: Блажь (номи дигар — Ман туро дӯст медорам, русӣ: Я тебя люблю)
  • 1999 — русӣ: «Паранойя»
  • 2000 — русӣ: Дышу тишиной
  • 2006 — русӣ: По пояс в небе
  • 2011 — русӣ: Он того стоит
  • 2012 — Асал (русӣ: Мёд)

Дигар альбомҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2001 — Беҳтарин сурудҳо бо оркестри симфонӣ (номи дигар — Live)
  • 2002 — МАҶМӮАИ — Беҳтарин сурудҳо (номи дигар — Best)
  • 2003 — МАҶМӮАИ — Уқенус муҳаббат (Океан любвӣ)

Ҷоизаҳо, ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1992 — ҷоизаи "Pro"
  • 1996 — Ҷоизаи "Грамофони Тилоӣ " барои суруди русӣ: «Я не модный»
  • 1998 — Ҷоизаи "Грамофони Тилоӣ "барои суруди "Ман туро дӯст медорам" (русӣ: Я тебя люблю)
  • 1999 — Ҷоизаи "Овация" дар бахши "Солисти сол"
  • 1999 — Ҷоизаи "Грамофони Тилоӣ"  барои суруди "Паранойя"
  • 1999 — Медали ВКД "Барои хидмат дар Қафқоз"
  • 1999 — Медали Вазорати мудофиа "Барои таҳкими иттиҳоди низомӣ"
  • 1999 — Медали русӣ: "Ревнителю русской словесности" Ҷамъияти дӯстдорони Пушкин
  • 2000 — Ҷоизаи "Грамофони Тилоӣ" барои суруди русӣ: «Это здорово»
  • 2009 — Ҷоизаи ФСБ дар бахши "Мусиқии санъат" барои иҷрои суруди русӣ: «Павшим друзьям»
  • 2015 —Ҷоизаи "Грамофони Тилоӣ"  барои суруди русӣ: «Это здорово» (мукофоти 20-мин )
  1. http://www.intermedia.ru/news/228501?page=1%7Ctitle=Работая пять лет над альбомом, Николай Носков считает, что «Оно того стоит»http://www.webcitation.org/69zhpNjkg%7Carchivedate=2012-08-18%7Caccessdate=2012-08-15%7Cwork=Intermedia.ru%7Cauthor=%7Clang=ru}}(пайванди дастнорас)