Нишонҳо ва парчамҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нишон ва Парчам[вироиш | вироиши манбаъ]

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар асоси Низомнома Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 891 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад. Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тасдиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо навори сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазирӯфта шудааст.[1]

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.[2]

Рангҳои миллии тоҷикон[вироиш | вироиши манбаъ]

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ариёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд? ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоъӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоъӣ. Вожаи “пеша” ба маънои “шуғл” дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст[3].

Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён ки онҳоро осрунон (Авесто: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомае сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.

Востриюшон (Авесто: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони соддаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомае нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт[4].

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (Авесто: ahura.mazdā-; паҳлавӣ: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; паҳлавӣ: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (Авесто: θwāša; паҳлавӣ: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомаеа ҳастанд[5].

Дирафши Ковиёнӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дирафши Ковиёнӣ

Ҳар кишваре барои шиносонидани худ нишону парчам дорад. Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи "Дирафши Ковиёнӣ" будааст, ки онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ хондаанд.

Вожаҳои "ахтар" ва "дирафш" дар садаҳои пешин чун “нишон” ва “парчам” ба кор мерафтаанд. Дар мӯътабартарин фарҳангҳои форсӣ "ахтар"-ро ситора навиштаанд ва ситораи бахту толеъ, бахту иқбол ва аламу роъяту парчам низ гуфтаанд. "Дирафш" аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Парчамҳои Бухоро[вироиш | вироиши манбаъ]

Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро, баъдан Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро.

Намудҳои парчамҳои кишвардории Тоҷикистон дар солҳои 1929-1992[вироиш | вироиши манбаъ]

Нишон ва Парчам дар солҳои 1924 – 1929[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикистон 14 октябри 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16 октябри 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазирӯфта шудааст.

Парчам дар солҳои 1931 – 1935[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ҷумҳурии иттиҳодии ҶШС Тоҷикистон эълон шудани Тоҷикистон ва пазириши Конститусияи ҶШС Тоҷикистон, парчами он низ дигар шуд ва ин дарафшро 25 феврали 1931 сохтаанд.

Парчам дар солҳои 1935 – 1940[вироиш | вироиши манбаъ]

4 июли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.

Парчам дар солҳои 1940 – 1946[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз порсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ тағйирот даровард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу болға”-ро менигоштанд.

Парчам дар солҳои 1946 – 1953[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (ҶШС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.

Нишон ва Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20-03-1953 то 9-09-1991[вироиш | вироиши манбаъ]

Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2 ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди фарҳангу санъати кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

Нишон ва Парчами Тоҷикистон дар солҳои 1991 – 1993[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин нишони шердор аз моҳи ноябри соли 1992 то моҳи декабри 1993 нишони расмии давлати Тоҷикистон буд.

То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу болға” ба кор мебурд.

Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти "Огоҳ", ISBN 964-416-045-2
  • Қурашӣ, Амонуллоҳ. Эронномак (Нигарише нав ба таърих ва номи Эрон). Теҳрон, чопхонаи "Маҳорат", баҳори 1373. 317 саҳ.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Қурашӣ, Амонуллоҳ. Эронномак (Нигарише нав ба таърих ва номи Эрон). Теҳрон, чопхонаи "Маҳорат", баҳори 1373. 317 саҳ. - саҳ. 76, пайнавишти 2.
  4. Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти "Огоҳ", саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
  5. Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти "Огоҳ", саҳ. 158, ёддошти 10, пайнавишти 1. ISBN 964-416-045-2