Нозияи Кароматуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нозияи Кароматулло)
Нозияи Кароматуллоҳ
Нозия Кароматулло
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 7 феврал 1988(1988-02-07) (36 сол)
Зодгоҳ Душанбе, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2006 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии попи тоҷикӣ
Номи мустаъор Нозия
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нозия Кароматуллоҳ (форсӣ: نازیه کرامت الله‎; 7 феврали 1988, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони тоҷик. Ӯ аз овозхонони саршинос дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка мебошад. Бо забони ҳиндӣ мисли забони модарӣ сухан меронад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозия Кароматулло 7 феврали соли 1988 дар Душанбе дар хонаводаи овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбон ба дунё омадааст. Соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Сипас дар шаҳри Деҳли ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дохил шуда, соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм кардааст[1]. Шӯҳрати Нозия аз солҳои 2010 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст. Ҳунарнамоиҳои ӯ дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд. Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародараш Муҳаммадрафи Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошанд.[2]

Аз соли 2006 Нозияи Кароматулло бо муҳандиси садо Олим Ширинов ҳамкорӣ дорад ва тақрибан ҳамаи сурудҳояшро дар студияи «JC Records Studio» сабт мекунад[3].

Дастовардҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2007 дар озмуни рақси классикии «Kathak» дар Ҳиндустон ғолиб дониста шуд[4].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 2022 бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст[5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Нозияи Кароматулло(рус.). clips.tj. 7 феврали 2018 санҷида шуд.
  2. Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор(тоҷ.). tajikistantimes.com (29 ноябри 2018). 29 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 ноябри 2018.
  3. «JC Records Studio» ISNI ID
  4. Нозияи Кароматулло соҳиби духтарча шуд | Ҳабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). Проверено 7 феврали 2018.
  5. Нозияи Кароматуллоҳ: Аз замин то осмонҳо шодам(тоҷ.). Pressa.tj. 26 августи 2022 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]