Ноф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноф

Ноф (лотинӣFuniculus umbilicalis) — узвест, ки ҷанинро бо ҳамроҳак пайваст ва ҳаракати хунро байни онҳо таъмин мекунад. Ноф ба мисли таноби хокистарранги гулобӣ буда, шакли морпеч дорад. Дарозии ноф ҳангоми ҳомилагии пурра тақр. 50 – 60 см, диаметраш 1,5 – 2 см аст. Як нӯги ноф ба мавзеи нофи кӯдак, нӯги дигари он ба ҳамроҳак пайваст мебошад. Бисёр вақт ноф ба маркази ҳамроҳак, баъзан ба паҳлӯ ё канори он пайваст мешавад. Ноф ду артерия ва як вена дорад, ки ба дарозии онҳо торҳои асаб воқеъ гаштаанд. Рагу асабҳои Нофро моддаи полудамонанд фаро гирифтааст. Ноф аз берун бо парда (амнион) пӯшида шудааст. Ба воситаи артерияҳои ноф хуни кӯдак ба ҳамроҳак омада, дар он ҷо сероксиген ва серғизо, аз гази карбонат ва маҳсули мубодила озод мешавад. Сипас хун ба тавассути венаи ноф ба кӯдак бармегардад. Ноф ҳамчунин дар мубодилаи моддаҳо байни хуни тифл ва моеъе, ки онро иҳота кардааст, иштирок мекунад. Баъди таваллуди кӯдак нофро мебуранд ва мебанданд. Қисми боқимондаи ноф якҷоя бо ҳамроҳак берун меояд. Дар давраи ҳомилагӣ муқаррар кардани ҳолати ноф душвор аст. Бо роҳи таҳқиқи ултрасадоӣ дар атрофи гардан, бадан ва дасту по печидани нофро метавон ошкор сохт. Баъзан ноф аз андоза кӯтоҳ (камтар аз 40 см) мешавад. Чунин ноф ба ҳаракати кӯдак халал расонда, мавқеи онро дар бачадон нодуруст мекунад. Оқибати ҳангоми таваллуд канда шудани нофи кӯтоҳ ё рагҳои он хатарнок аст.