Ноҳияи Балҷувон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Балҷувон
Ноҳияи Балҷувон дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: Балҷувон
Замони таъсис : 16 марти 1938
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 321,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 4
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 20 486 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : BA
Код ISO : TJ.KL.BA
Пешшумора : +992 3357
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Балҷувон (форсӣ: ناحیۀ بلجوان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Балҷувон (форсӣ: بلجوان) аст ки 190 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Шӯробдарё ҷойгир аст.


Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Балҷувон бо сарзамине 321,4 км² дар дараи рӯдҳои Вахш ва Шӯробдарё ҷой дорад. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод ва Тавилдара аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷануб ва шарқ — бо ноҳияҳои Норак, Ховалинг ва Темурмалик аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Мардуми Балҷувон ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Балҷувон 20 486 тан ҷамъият дошт.


Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Балҷувон 4 ҷамоат[1] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон[2]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Балҷувон 3660
Дектур 5219
Сари Хосор 4218
Саталмуш 3614
Тоҷикистон 3775

Таърих[вироиш]

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Балҷувон бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд.

Ноҳияи Балҷувон расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб таъсис ёфта аст.

Пайнавишто[вироиш]

  1. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved June 20, 2010. 
  2. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf



Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод