Ноҳияи Бохтар
| Ноҳияи Бохтар | |
|---|---|
| Донистаниҳо | |
| Кишвар : | |
| Вилоят : | Хатлон |
| Марказ: | Бохтар |
| Замони таъсис : | 7 январи 1944 |
| Раиси ноҳия: | |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 1101,4 км² |
| Шумораи шаҳракҳо : | 4 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 6 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2008) : | 173 439 кас |
| Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
| Мазҳаб : | ҳанафӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | BO |
| ISO-намоя : | TJ.KL.BO |
| Пешшумора : | +992 3245 |
| Нишонии почта : | 735140 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | .tj |
| Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Бохтар (форсӣ: ناحیۀ باختر) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Бохтар (форсӣ: باختر) аст ки 15 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа ҷойгир аст.
Мундариҷа |
Ҷойгоҳ [вироиш]
Ноҳияи Бохтар бо сарзамине 1101,4 км² дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Ҷомӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Сарбанд ва ноҳияи Вахш, дар ғарб — бо ноҳияи Хуросон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Румӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.
Мардум [вироиш]
Мардуми Бохтар ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Бохтар 173 439 тан ҷамъият дошт.
Бахшбандӣ [вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Бохтар 4 шаҳрак ва 6 ҷамоат[1] дорад:
| Ҷамоатҳои ноҳияи Бохтар[2] | |||||||||||
| Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳраки Бохтар | 6703 | ||||||||||
| шаҳраки Авангард | 56308 | ||||||||||
| шаҳраки Заргар | 39517 | ||||||||||
| шаҳраки Меҳнатобод | 25955 | ||||||||||
| Калинин | 26029 | ||||||||||
| Навбаҳор | 13091 | ||||||||||
| Бохтариён | 3318 | ||||||||||
Ҳукумат [вироиш]
Сарвари ноҳияи Бохтар Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Бохтар Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Бохтар барои 5 сол интихоб мекунанд.
Таърих [вироиш]
Ин ноҳия 7 январи соли 1944 бо номи ноҳияи Октябр дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. 6 январи соли 1965 онро ноҳияи Коммунистӣ номиданд. Дар оғози солҳои 1990 ин ноҳия ба ёди подшоҳии Балх бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Бохтар номида шуд.
Пайнавишто [вироиш]
- ↑ "Феҳристи ҷамоатҳо ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls.
- ↑ http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf
| Ноҳияҳои Хатлон | |
|---|---|
| Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод |